Октябр 11, 2021 14:38 Asia/Dushanbe

То кунун 2 миллиарду 220 миллион воксани корона барои 1 миллиарду 400 миллион нафар дар Чин тазриқ шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба гуфта масъӯлони беҳдоштии шаҳрдории Пекин то рӯзи шанбеи ҷорӣ 40 миллиону 169 дозаи воксан барои 20 миллион 414 ҳазор нафар дар ин шаҳр тазриқ шудааст .
Бар асоси эъломи Комиссиюни беҳдоштии Чин дар шабонарӯзи гузашта 26 мавриди ибтилои ҷадид ба вируси коронаӣ шиносоӣ ва сабт шудааст, ки аз ин теъдод 10 маврид воридотӣ буда ва 16 нафар аз дигар шаҳрҳои Чин гузориш шудааст .


 

 

Барчасп