Идомаи бунбаст дар заминаи беҳбуди равобити Русия ва Амрико
Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе, пас аз дидор бо Виктория Нуланд, ҳамтои амрикоии худ дар Маскав гуфт: “Ба сахтӣ метавон мавозеи моро ба ҳам наздик кард. Амрикоиҳо ба мантиқи мо ва хостаҳоямон гӯш намедиҳанд. Аммо бо вуҷуди ин музокира судманд буд”.
Нуланд низ мавзӯи аслии гуфтугӯҳоро барқарории равобити “пойдору қобили пешбинӣ” байни ду кишвар донист.
Ба гуфтаи Рябков, яке аз муҳимтарин мавзӯоти мавриди музокира миёни Русия ва Амрико, масъалаи раводиду фаъолияти дипломатҳо дар консулгарии ду кишвар буд, ки ба иллати мавҷи ихроҷи мутақобили дипломатҳо, дар вазъияти ошуфтае ба сар мебарад.
Ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷаи Русия, бо вуҷуди ин ки дар бораи ин мавзуъ бисёр ошкор бо мақоми амрикоӣ баҳс шуд, аммо авзоъ беҳтар нашудааст. Нуланд дар феҳристи дипломатҳое буд, ки иҷозаи вуруд ба хоки Русияро надошт ва фақат ба вай иҷоза дода шуда то барои се рӯзи музокира бо мақомоти Русия, вориди ин кишвар шавад.
Амрико ва Русия дучори ихтилофоти амиқе дар бораи буҳронҳои минтақаӣ, иттиҳомоти мутақобил дар заминаи мудохилаи интихоботӣ, ҳамалоти сойбери, контроли таслеҳот ва мавориди зиёди дигаре ҳастанд. Аммо ин ду қудрат талош мекунанд гуфтугӯ дар бораи мавзӯот бо манофеи муштаракро аз сар бигиранд. Аз замони рӯйи кор омадани Ҷо Байден ба унвони раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико дар январи 2021, рӯйкарди тақобулии Вашингтон дар қиболи Русия дучандон шудааст. Давлати Байден, ки ошкоро мавзеи зиддирусӣ дорад, мавзеъгириҳову иқдомоти худ алайҳи Маскавро ташдид кардааст.
Лан Бреммер (Ian Bremmer), коршиноси сиёсӣ муътақид аст, ки равобити Амрико ва Русия дар давраи Байден «эҳтимолан бадтарин равобит аз замони фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ хоҳад буд».
Раванди фишорҳои зиддирусӣ аз ҷониби Вашингтон акнун ба баҳонаҳои гуногуне ташдид шудааст. Дар арсаи дипломатӣ давлати Байден ба баҳонаи мудохилаи Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва ҳамалоти сойбери алайҳи ниҳодҳои амрикоӣ иқдом ба ихроҷи дипломатҳои рус карда ки албата бо вокуниши мутақобили Маскав мувоҷеҳ шудааст.
Албатта, Маскав ҳам борҳо Амрикоро ба дахолат дар интихоботи Русия ва ҳимояти ошкор аз мухолифон муттаҳам кардааст. Дар арсаи ҷанги равонӣ, барои нахустин бор Байден ба унвони болотарин мақоми амрикоӣ сароҳатан бо адабиёте ғайридипломатӣ Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русияро қотилу фоқиди рӯҳ тавсиф кард. Ин амр ҳокӣ аз нафрату инзиҷори раиси ҷумҳурии Амрико аз раиси ҷумҳурии Русия буд.
Дар арсаи иқтисодиву тиҷорӣ давлати Байден ҳамонанди давлати Трамп бар мухолифати қотеонаи худ бо ҳар гуна тавсеаи равобити Русия бо Аврупо, ба вижа дар заминаи пружаи хати лулаи газии “Норд Стрим -2” таъкид кардаву раванди таҳрими ширкатҳои русии дахил дар ин пружаро тадовум бахшидааст.
Ин дар ҳоле аст, ки дар арсаи низомиву амниятӣ низ Амрико бо ҳамроҳии НАТО вориди фази ҳимояти фаъол аз Украина шудаву иқдомоти таҳрикомезе монанди баргузории размоишҳои муштарак ва ироаи кумакҳои низомӣ ва таслеҳотиро ба давлати Киев анҷом додааст.
Ба ҳамин далел низ пас аз нишасти Байден ва Путин дар Женева дар июни 2021 ва тавофуқ барои анҷоми музокироти дуҷониба, ихтилофоти миёни ду кишвар ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ мондааст. Аз ҷумла, дар авохири сентябр нишасте дар бораи суботи роҳбурдӣ ва контроли таслеҳотӣ байни мақомоти ду кишвар баргузор шуд. Пас аз ризоияти давлати Байден барои тамдиди 5 солаи Паймони Старти Ҷадид, Русия хоҳони эҳёи дигар муоҳидоти таслеҳотӣ монанди Паймони неруҳои ҳастаии миёнбурд ва низ Паймони осмонҳои боз аст, ки Амрико дар давлати Трамп аз онҳо хориҷ шудааст. Бо ин ҳол, ин музокирот ба далели ихтилофоти ду тараф ба натиҷаи хосе нарасидааст.
Акнун низ даври ҷадиди музокироти Маскав ва Вашингтон, ки бо тамаркуз бар поён додан ба ҷанги дипломатӣ байни ду тараф сурат гирифт, бенатиҷа поён ёфтааст. Маҷмӯи ин масоил нишон медиҳад, ки чашмандози мусбате дар заминаи беҳбудии равобити Русия ва Амрико вуҷуд надорад.
Бештар бихонед:
- Таниши ҷадид дар равобити Амрико ва Русия
- Вокуниши сафири Русия дар Вашингтон ба таҳримҳои ҷадиди Амрико