Октябр 20, 2021 13:01 Asia/Dushanbe

Бахше аз мутолибаи коргарони тоҷик дар Русия пардохт шуд.

Пас аз мудохилаи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ширкати боғдории вилояти Воронеж дар маркази Русия, бахше аз талаби молии коргони муҳоҷири тоҷикро пардохт кард.

110 коргари муҳоҷири муътаризи тоҷик ахиран бо таҷаммуъ дар муқобили сохтмони идораи полиси маҳаллӣ эълом карданд, ки тайи 4 моҳи ахир дастмузди худро барои бардошти себ аз боғоти ин минтақа дарёфт накардаанд.

Онон муддаӣ буданд, ки корфармоён ҳуҷҷатҳои коргарони муҳоҷирро низ гирифтаанду имкони хуруҷ аз ин минтақа ва шикоят ба полис вуҷуд надорад.

Бо пахши ин эътироз кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба маҳалли кору иқомати ин коргарон омаданд ва бо гуфтугӯ бо корфармоёни рус мушкили пардохти талаби молии корагони муҳоҷири тоҷик ҳал шуд.

Садои теъдоде аз ин коргарони тоҷикро бишнавед:

 

 

 

 

Барчасп