Ноябр 02, 2021 17:33 Asia/Dushanbe
  • Дар камтар аз як даҳаи гузашта, ин дуюминбор аст, ки равобити Туркия ва Русия ба самти таниш пеш меравад
    Дар камтар аз як даҳаи гузашта, ин дуюминбор аст, ки равобити Туркия ва Русия ба самти таниш пеш меравад

Бо бурузи таниши ҷадид дар равобити Туркия бо Русия, баназар мерасад, муносиботи дар ҳоли густариши ду кишвар бори дигар мухтал шуда ва мушкилоту мавонеъи тиҷорӣ миёни Анкара ва Маскав, шакли дигаре аз равобити хасмонаи дутарафро ба намоиш бигузорад.

Дар камтар аз як даҳаи гузашта, ин дуюминбор аст, ки равобити Туркия ва Русия таҳти таъсири як кишвар солис қарор гирифта ва ба самти хусумат ва таниш пеш меравад.

Бо тавваҷуҳ ба собиқаи ду кишвар баъид нест, ки таниши эҷод шуда миёни Анкара ва Маскав, монеъи тиҷорати дуҷониба ва ҳатто ба марзи таҳрими иқтисодӣ пеш биравад. Дар ин сурат, бидуни шак содироти маводи ғизоии Туркия ба Русия мухтал хоҳад шуд ва гардишгарон барои сафар ба Туркия бо мавонеъи мутаъаддиде мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Дар ҳақиқат, ҳаҷми содироти Туркия ба Русия беш аз 20 миллиард доллар дар сол аст ва дар муқобил, Туркия ҳар сол наздик ба панҷ миллиард доллар аз гардишгарони Русия даромад касб мекунад.

Бо вуҷуди ин, мавзуе, ки дар равобити Туркия ва Русия аҳаммияти байналмилалӣ пайдо карда, ҳамкориҳои низомии дукишвар дар солҳои ахир аст. Дар воқеъ, фуруши таслеҳоти Русия ба Туркия, ки аз ҳолати дуҷониба ва минтақаӣ ба давлатҳои ғарбӣ ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ(НАТО)- низ таъмим ёфта, фурӯши сомонаи мушакии S400 аст.

Коршиносони низомӣ мегуянд, ин сомонаи мушакии Русия аз тавонои болое бархӯрдор аст ва метавонад силоҳҳои пешрафтаи амрикоиро мухтал кунаду таҳти таъсири манфӣ қарор диҳад.

Ба ҳар ҳол, пас аз сарнагунии як ҷангандаи Русия дар арозии Сурия тавассути артиши Туркия, заминаҳои бурузи таниш дар равобити Анкара ва Маскав фароҳам шуд. Дар натиҷаи ин иқдом, Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия, ба сурати вижа Туркияро таҳрим кард. Таҳрими Русия алайҳи Туркия ёздаҳ моҳ батул анҷомид.

Даври ҷадиди ихтилофҳои Туркия ва Русия, боз ҳам бар сари як кишвари солис буруз кардааст. Мақомҳои Русия мегӯянд, Туркия бо фуруши паҳпод ба Украин, барои нерӯҳои низомии Русия дар шибҳи ҷазираи Қрима мушкилоте эҷод кардааст. Аммо мақомҳои Туркия, ки алоқаи зиёде ба ҳузури низомӣ дар кишварҳои ошуфта ва пуртаниш доранд, эълом кардаанд, Русия набояд бобати истифодаи давлати Украина аз пҳбодҳои сохти Туркия, мақомҳои Анкараро сарзаниш кунад.

Мавлуд Човуш Уғлӯ, вазири умури хориҷаи Туркия пас аз дидор бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ дар ҳошияи нишасти G20 дар Рум, ба хабарнигорон гуфт: "агар Украина аз Туркия таслеҳоти низомӣ харидор кунад, дигар он маҳсулот ба Туркия таъаллуқ нахоҳад дошт ва он силоҳҳо, сирфан "ба Украина таъаллуқ доранду Туркияро наметавон аз ин бобат сарзаниш кард. Давлати Украина ҳам вақте дар бораи ин паҳподҳо суҳбат мекунад, набояд ба номи кишвари тавлидкунанда, яъне Туркия ишора кунад".

Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта пас аз он ки давлати Украина як паҳподи Туркияро барои ҳамла ба мавозеъи таҳти кантроли низомиёни рус мустақар дар шибҳи ҷазираи Қрима мавриди истифода қарор дод, давлати Русия вокуниш нишон дод. Мақомҳои Маскав, таъкид кардаанд , "паҳподҳои Туркия ин хатарро доранд, ки таъсири бесаботкунандае руй шарқи Украин бар ҷой бигузоранд".

Нигаронии мақомҳои Маскав аз фуруши паҳподҳои Туркия ба кишварҳои воқеъ дар ҳаёти хилвати Русия, қатъан фуруши ин паҳподҳоро маҳдуд хоҳад кард. Дар ҳоле, ки мақомҳои Анкара қасд доштанд ба баҳонаи фуруши паҳподҳои Туркия, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва ҳатто Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ, ҳузури низомии Туркияро тақвият кунанд. Бидуни шак, ба ҳамин далел аст, ки вазири умури хориҷаи Туркия дар изҳориназар дар ин замина, мусомиҳакорӣ кардааст.

Дар ҳоле, ки агар як мақоми аврупоӣ ё амрикоӣ дар ин замина изҳориназар мекард, мақомҳои Анкара мавозеъи тундтаре иттихоз мекарданд. Аммо дар мавриди Русия, мавозеъи мақомҳои Туркия бисёр мутафовит аст. Туркия аз яксӯ фурушандаи таслеҳоти низомӣ ба кишварҳои заъифтар аст ва аз сӯи дигар, ба хариди таслеҳоти пешрафта аз қудратҳои минтақа ва ҷаҳон ниёз дорад. Дар айни ҳол, дар нахустин гом, мумкин аст, Русия монеъи ҳузури низомии Туркия дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва минтақаи Қарабоғ шаванд. Ин амр ба маънои шикасти тамомии сиёсатҳои Туркия дар минтақаи Қафқоз ва ҳузури низомӣ дар ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп