Дархости БарҶом-ии Чин аз Амрико
Вазири умури хориҷаи Чин аз Амрико хост гомҳои муассиреро барои ҷуброни вазъияти феълии БарҶом бардорад. Ван И (Wang Yi) дар баёнияе таъкид кард, Амрико, ки бо хурӯҷи якҷониба аз БарҶом онро нақз кард бояд аввалин тарафе бошад, ки гомҳои муассиреро барои ҷуброни хисоратҳои ворида бармедорад.
Доналд Трамп, раисиҷумҳурии қаблии Амрико бо хурӯҷи якҷониба аз Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БарҶом) талош кард, бо тарғиби соири аъзо ба хурӯҷ аз он, БарҶомро ба шикаст бикашанд, аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон бо хештандорӣ ва таъкид бар тадовуми БарҶом ва ҳимоятҳои соири аъзо кушид ин паймони байналмилалиро ҳифз намояд. Ба ҳамин далел Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чин ба ҳамроҳи соири аъзо яъне Англия, Фаронса, Русия ва Олмон бар ин эътиқоданд, ки ин Амрико аст, ки бояд зимни бозгашт ба БарҶом, барномаҳои ҷуброниро низ дарназар бигирад. Зеро Вашингтон бо нодида гирифтани яке аз муътабартарин паймонҳои байналмилалӣ, талошҳои ҷаҳонӣ дар мавриди БарҶом-ро махдӯш кардааст.
Bobby Naderi, коршиноси масоили байналмилалӣ дар Англия дар ин бора муътақид аст: Англия, Олмон ва Фаронса аз аъзои БарҶом аз Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико хостаанд бо бозгашт ба БарҶом гомҳои асарбахшеро барои иҷроӣ он бардорад. Зеро бозгашт ба БарҶом на танҳо манфиат, балки як мантиқ аст ва Амрико бояд бо ҳамроҳии талошҳои байналмилалӣ, буҳронсозӣ накунад.
Ин аввалин бор нест, ки Амрико бо хурӯҷ аз як паймони байналмилалӣ дар садади баромади талошҳои байналмилалиро ба шикаст бикашанд. Дар қазияи масоили ҳастаии шибҳи ҷазираи Корея низ Амрико бо зери по гузоштани тавофуқоти гуруҳи мавсӯм ба шашҷониба онро ба шикаст кашонад. Аммо таъкиди Ҷумҳурии Исломии Эрон бар сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаияш ва тайиди он аз сӯи ниҳодҳои байналмилалии зирабт, аз ҷумла аз Ожонси байниалмилалии энержии атомӣ боис шуд то БарҶом ҳамчунон устувор боқӣ бимонад ва акнӯн ин Амрико аст, ки бо тан додан ба шароити Барҷом-ии Эрон бояд ба он бозгардад.
Barbara Eslavin, коршиноси масоили ҳастаӣ дар Шӯрои Атлантик бар ин бовар аст: пеш аз ҳар гӯна тавофуқ бояд Амрико ба тааҳҳудот худ бозгардад. Музокироти БарҶом бисёр печидааст ва Амрико набояд онро печидатар кунад, балки бо ҳимоят аз талошҳои байналмилалӣ, бояд аз иҷрои он ҳимоят кунад.
Дар ҳар ҳол, тардиде нест, Амрико дар иртибот бо масъалаи БарҶом беш аз онки таҳти таъсири манофеи худ ва ҳимоят аз талошҳои байналмилалӣ бошад таҳти таъсири мавозеъи режими саҳюнистӣ дар ин маврид аст. Ин режим ҳамвора ба мавзеи мусбати Амрико дар мавриди БарҶом вокуниши хашмгинона нишон дода ва талош кардааст, Амрикоро аз БарҶом дур кунад. Дар ин шароит ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз Чин ва Русия ба унвони аъзои доими Шӯрои амнияти Созмони милал интизор доранд, мавзеи масъулонатареро барои ҳимоят аз БарҶом иттихоз кунанд ва иҷоза надиҳанд Амрико сиёсати апартеидгӯнаи худро дар мавриди фаъолиятҳои ҳастаӣ ба ҷаҳониён дикта кунад.
Бештар бихонед:
- Эрон пас аз лағви таҳримҳо ба тааҳҳудоташ дар БарҶом боз мегардад
- Гузориши вижа: Қасди бозгашти Амрико ба БарҶом пас аз қарордоди 25 солаи Эрону Чин