Тарҳи қонунгузории амрикоӣ барои ҷилавгирӣ аз фурӯши мӯшак ба Арабистон
(last modified Sat, 13 Nov 2021 06:39:48 GMT )
Ноябр 13, 2021 11:39 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи қонунгузории амрикоӣ барои ҷилавгирӣ аз фурӯши мӯшак ба Арабистон

Узви демократи Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи ҷумъа тарҳе ироа кард, ки хостори ҷилавгирӣ аз фурӯши 650 миллиондоллар мӯшаки ҳаво ба ҳаво ба Арабистони Саудӣ аст.

Вазорати хориҷаи Амрико ҳафтаи пеш бо фурӯши 650 миллион доллар мӯшаки ҳаво ба ҳаво ва таҷҳизоти муртабит ба Арабистони Саъудӣ мувофиқат кард.

Ин нахустин фурӯши силоҳ ба Арабистони Саудӣ дар давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико маҳсӯб мешуд.

Илҳон Умар гуфта, ӯ ин тарҳро, ки ба «қатъномаи муштараки манъи ҷавоз» шӯҳрат дорад, ба далели нақши Арабистони Саудӣ дар ҷанги Яман ироа кардааст.

Хабаргузории “Райтерс” навишта шонси ин тарҳ дар ҷилавгирӣ аз фурӯши силоҳ ба Арабистон андак аст, чаро ки нусхаи мувозии ин тарҳ бояд дар Сенат ҳам ба тасвиб расида ва сипас аз ветои эҳтимолии раисиҷумҳури ҳам убӯр кунад.

Бо вуҷӯди ин, ироаи ин тарҳ нишондиҳандаи мухолифати рӯ ба рушд дар миёни намояндагони Конгресси Амрико аз фурӯши силоҳ ба Арабистон аст.

Фурӯши таслеҳоти ҷадиди Амрико ба Арабистони Саудӣ иқдоме бар хилофи ваъдаи Байден, мабнӣ бар поён додан ба ҷанги Яману ҷилавгирӣ аз таҳвили таслеҳоти таҳоҷумӣ ба саудиҳо маҳсӯб мешавад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яману муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кушта ва захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ мунҷар шудааст. Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

 

Бештар бихонед: