Тазоҳуроти зидди режими саҳюнистӣ дар Британия
(last modified Mon, 15 Nov 2021 06:24:31 GMT )
Ноябр 15, 2021 11:24 Asia/Dushanbe

Тазоҳурот дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин ва дар эътироз ба ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ дар шаҳри Брайтони Британия баргузор шуд .

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, садҳо тан аз фаъолони зидди саҳюнизм ва ақшори мухталифи мардуми Британия рӯзи шанбе бо барпоии тазоҳурот дар шаҳри Брайтони ин кишвар, аз миллати мазлуми Фаластин ҳимоят карда ва ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ алайҳи фаластиниёнро маҳкум карданд

Муътаризони британияӣ дар ин тазоҳурот зимни ҳамлу барафроштани парчами Фаластин, шиори “Марг бар Исроил сар дода ва хостори таваққуфи ҳимояти давлати Британия аз режими саҳюнистӣ шуданд.

Тазоҳуркунандагон дар шаҳри Брайтони Британия ҳамчунин хостори ҳимоят аз Ҷумбиши мардумии таҳрими режими апартойди саҳюнистӣ шуданд.