Путин ва Байден пеш аз поёни соли милодӣ дидор мекунанд
Мақомоти баландпоя дар Маскав эълом карданд Владимир Путин-раиси ҷумҳурии Русия ва Байден-раиси ҷумҳурии Амрико эҳтимолан пеш аз поёни соли милодии ҷорӣ бо якдигар дидор хоҳанд кард .
Сергей Рябоков-муовини вазири хориҷаи Русия рӯзи якшанбе ба шабакаи телевизиюнии " Русия 1 " гуфт : Ҳамакнун талошҳо барои дидори эҳтимолии руасои ҷумҳурии Русияву Амрико дар ҳоли анҷом аст .
Ин мақоми русӣ афзуд, ки Вашингтон бархе аз иддаоҳо аз ҷумла вазъияти Украин алайҳи Маскавро матраҳ кардааст ва Русия эҳсос мекунад бояд дар мавриди иттифоқоту чигунагии онҳо тавзеҳ дода шавад .
Димитрий Псков-сухангӯи Кремл низ дар авоили ҳафтаи гузашта ба эҳтимоли дидори Путин бо Байден дар ояндаи наздик ишора карда буд .Бо ин ҳол вай гуфт, ки ҳануз ҳеҷ замоне барои ин дидор таъйин нашудааст .
Дар ҳамин ҳол Ҷини Соки-сухангӯи Кохи Сафед рӯзи панҷшанбе гуфт, ки эҳтимоли гуфтугӯи Байден бо Путинро « дар замони хос дар оянда » рад намекунад .
Владимир Путин ва Ҷо Байден-руасои ҷумҳурии Русияву Амрико дар иҷлоси моҳи июн дар Женева тавофуқ карданд, ки музокирот дар бораи суботи роҳбурдии байни ду кишвар ( масоили марбут ба истиқрори таслиҳоти роҳбурдӣ ва мӯшакҳои ҳастаӣ ) байни ду кишвар аз сар гирифта шавад .
Бештар бихонед :
- Гузориши вижа: Масъалаи ҳамалоти сайберӣ ба Амрико ва ҳушдори шадиди Байден ба Путин
-
Баёнияи муштараки Путин ва Байден: Ҷанги ҳастаӣ ғолиб надорад ва набояд ба он ворид шуд
-
Амрико пешниҳоди Путинро барои музокираи маҷозӣ бо Байден рад кард
-
Байден ихтиёроти раёсатҷумҳурии Амрикоро аз Ҳаррис пас гирифт