Вирусшиноси олмонӣ: Навъи ҷадиди корона то ба дандон мусаллаҳ аст
Як вирусшиноси олмонӣ эълом кард, навъи ҷадиди корона, ки ба тозагӣ дар Африқои Ҷанубӣ, шиносоӣ шуда то бадандон мусаллаҳ аст.
Фридман Вебер, мудири Муассисаи вирусшиносӣ дар шаҳри Гиссен (Giessen)-и Олмон афзуд, ин навъи беш аз 30 шохаки протоиниро бо худ ҳамроҳ дорад.
Вай афзуд, бархе озмоишҳо нишон медиҳад, ки сохтори ин навъи ҷаҳишёфта метавонад асари антибодиро нисбат ба корона дар бадан кам кунад.
Вебер дар айни ҳол гуфт, ин имкон вуҷӯд дорад, ки ин навъи ҷадид баъд аз муддате аз байн биравад.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҷумъашаб, ҳарфи юнонии “omicron”-ро ба навъи коронаии ҷадид шиносоӣ шуда дар Африқои Ҷанубӣ ихтисос дод ва ин навъро, ки қаблан ба номи B.1.1. 529 номида мешуд ба унвони як навъи нигаронкунанда шиносоӣ кард.
Бар асоси охирин хабарҳо як мавриди ҷадиди вориди Аврупо ҳам шуда ва ва як мавриди ибтило ба он дар Белгия шиносоӣ шудааст.
Бештар бихонед: