“Вашингтон пост”: Байден идомадиҳандаи роҳи Трамп дар қимор бар сари БарҶом
(last modified Fri, 03 Dec 2021 15:41:18 GMT )
Декабр 03, 2021 20:41 Asia/Dushanbe
  • “Вашингтон пост”: Байден идомадиҳандаи роҳи Трамп дар қимор бар сари БарҶом

Як рӯзномаи амрикоӣ навишт, Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико ба наҳве дар ҳоли идома додани роҳи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешин ва бозандаи қимори ҳастаӣ бо Эрон аст.

Рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” дар ёддоште навишт, ахиран рӯзномаи саҳюнистии “Ҳооретз” эълом кард, вазири ҷанги собиқ, раиси ситоди артиши собиқ ва раиси собиқи созмони ҷосусии ин режим эътироф доштаанд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини Амрико кӯр-кӯрона аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд. Ҳеҷ кадом аз ин мақомоти саҳюнист дар он замон чунин ҳарфе назада буданд.

“Вашингтон пост” бо ишора ба ин ки истидлоли содае дар паси ин натиҷагирӣ вуҷуд дорад, афзуд: Трамп аз БарҶом хориҷ шуд ва таҳримҳои иқтисодиро баргардонд, аммо эрониҳо муқовимат карданд. Эрониҳо дар ибтидо бо суръате пойин ва сипас бо суръате боло шуруъ ба афзоиши захоири ураниюм карданд. Сентрифугаҳои худро тақвият карданд ва барномаи ҳастаии худро тавсеа доданд. Акнун мақомоти режими саҳюнистӣ мегӯянд, беҳтар буд тавофуқ ҳифз мешуд.

 

Бештар бихонед: