Мушкилоти “Омикрон” барои мизбонии бозиҳои Олимпиадаи Чин
(last modified Sat, 04 Dec 2021 05:40:19 GMT )
Декабр 04, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин: Бо тавваҷӯҳ ба таҷориби арзишманди Чин дар маҳори вуруси корона, Олимпиадаи зимистонии Пекин баргузор хоҳад шуд
    Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин: Бо тавваҷӯҳ ба таҷориби арзишманди Чин дар маҳори вуруси корона, Олимпиадаи зимистонии Пекин баргузор хоҳад шуд

Вазорати умури хориҷаи Чин эълом кард, ин кишвар барои кантролу пешгирӣ аз шуюъи вируси “Омикрон” бо мушкилоте мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, давлати Чин эълом кард, густариши сареъи навъи ҷаҳишёфтаи вируси корона мавсӯм ба «Омикрон», мӯҷиби бурузи мушкилоте дар мизбонии бозиҳои Олимпиадаи Чин дар моҳи феврал хоҳад буд.

Бовуҷӯди инки Чин бо эъмоли маҳдӯдиятҳо ва муқаррароти марзӣ ва қарнтинаҳои сахт муваффақ ба маҳори вирус корона шуда буд, аммо шуюъи ахири вируси ҷаҳишёфта “Делта” давлати ин кишварро дар ҳолати ҳушдор қарор дод.

Бо густариши навъи ҷадиди вируси коронаи “Омикрон”, Чжао Лицзян, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин дар баёнияе эълом кард: «Мо қатъан бо чолишҳое барои кантролу пешгирӣ аз шуюи вируси “Омикрон” мувоҷеҳ хоҳем шуд.»

Вай дар идома аз давлати Африқои Ҷанубӣ барои талошҳои ба мавқеъ ва сареъи он барои додани иттилоот дар хусӯси ин навъи ҷадид қадрдонӣ кард. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин гуфтааст, бо тавваҷуҳ ба таҷориби бисёр арзишманди Чин дар кантрол ва маҳори вируси корона, Олимпиадаи зимистонии Пекин ба хубӣ баргузор хоҳад шуд.

Бештар бихонед: