Декабр 11, 2021 15:13 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Толибон бар шиносоӣ аз сӯи кишварҳои исломӣ

Мақомҳои ҳукумати Толибон шиносоии ин ҳукумат аз сӯи Созмони Ҳамкории Исломиро хостор шуданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи давлати муваққати Толибон бо ишора ба равобити хуби ин гурӯҳ бо кишварҳои исломӣ, аз аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ хост дар нишасти ояндаи худ аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон ҳимоят кунанд ва онро ба расмият бишносанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон чанде қабл гуфта буд, ки Созмони Ҳамкории Исломӣ дар авохири моҳи ҷорӣ нишасти фавқулодда дар бораи Афғонистон баргузор хоҳад кард ва хостори талош барои ҷилавгирӣ аз фурурафтани бештари Афғонистон дар буҳрони иқтисодӣ ва башарӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки нишасти вазирои хориҷаи кишварҳои исломӣ бо даъват аз ҳайатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Гурӯҳ 5 муташаккил аз Амрико, Англия, Фаронса, Русия ва Чин 19 декабр дар Исломобод баргузор мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки токунӯн ҳеҷ кишвари дунё, ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтаанд.

Толибон чаҳормоҳи пеш кантроли Афғонистонро ба даст гирифт. Аз он замон токунӯн борҳо талош кардаанд то ҳимояти ҷомеаи ҷаҳониро касб кунанд, аммо ин талошҳо муассир набудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп