Таҳлил : Маргу бими паноҳҷуён дар роҳи Аврупо
Бо идомаи буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар манотиқи ғарби Осиё ва бисёре аз кишварҳои Африқо мавҷи паноҳҷуён ба Аврупо идома дорад.
Ин дар ҳоле аст ки бисёре аз ин афрод дар масири расидан ба марзҳои Аврупо ҷони худро аз даст медиҳанд . Дар ин замина Комиссариёи олии паноҳандагони Созмони Миллал шумори оворагоне, ки дар соли 2021 дар баҳри Миёназамин дар роҳи расидан ба савоҳили Аврупо ҷони худро аз даст додаандро беш аз 2 ҳазору 500 нафар эълом кард .
Дар паи вахомати авзоъи сиёсӣ, афзоиши ноамнӣ, ҷангу ташдиди мушкилоти иқтисодӣ аз шимоли Африқо ва минтақаи ғарби Осиё таи солҳои ахир бисёре аз сокинони кишварҳои ғарби Осиё ва Африқо роҳи Аврупоро дар пеш гирифтаанд . Масири аслии бахши умдаи ин паноҳҷуён низ баҳри Миёназамин аст ; масире ки ба далели фаъолияти бандаҳои қочоқи инсон, қойиқҳои куҳна ва гордҳои соҳилӣ ба бузургтарин гуристони паноҳҷуён дар ҷаҳон табдил шудааст . Бино бар омори Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаш соли гузашта беш аз 20 ҳазор овора ва муҳоҷири саргардон дар баҳри Миёназамин ҷон бохтаанд; чуноне ки поп Франсис-раҳбари католикҳои ҷаҳон баҳри Миёназаминро « бузургтарин қабристони Аврупо » хондааст .
Ин шароит дар ҳоле аст, ки ҳатто паноҳҷӯёне, ки муваффақ шудаанд худро ба марзҳои Аврупо бирасонанд, шароити матлубе надоранд . Бисёре аз онҳо моҳҳост дар шароити сахт ва бо камтарини имконот пушти марзи кишварҳои аврупоӣ дар интизори муҷаввизи вуруд ҳастанд . Дар миёни кишварҳои аврупоӣ Италия ва Юнон ба далели ҳамҷаворӣ бо баҳри Миёназамин ، мавқеъияти вижа дошта ва дар воқеъ гузаргоҳи бахши зиёде аз паноҳҷуён ба Аврупо маҳсӯб мешаванд .
Леолука Орландо-шаҳрдори Палермо дар ҷазираи Сисили Италия бо ишора ба инки напазируфтани оворагону раҳо кардани онҳо дар баҳр фоҷеъаи бузург аст, ҳушдор дод : Аврупо як рӯз ба ҷурми наслкушӣ дар обҳои баҳри Миёназамин муҳокима хоҳад шуд .
Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз кишварҳои аврупоӣ низ расман марзҳои худро бар рӯйи паноҳҷуён баста ва онҳоро дар сармову шароити вахими зиндагӣ раҳо кардаанд ; монанди ончӣ акнун дар марзҳои Полша дар ҷараён аст . Мақомоти Полша дар ҳоле ҳамчунон марзҳои ин кишварро бар паноҳҷуён баста нигаҳ доштаанд, ки намояндаи Комиссариёии олии паноҳндагони Созмони Миллал дар Минск-пойтахти Беларус дар мавриди сармо ва ҳамагирии корона дар байни паноҳҷуён дар минтақаи марзии Беларусу Полша ҳушдор додааст .
Мақомоти Полша ва бархе дигар аз кишварҳои шарқи Аврупо ҳатто деворкашӣ дар марзҳоро низ ба манзури муқобила бо паноҳҷуён дар дастури кори худ қарор додаанд .
Бархурди номуносиби кишварҳои аврупоӣ дар қиболи муҳоҷирону паноҳҷуён дар ҳоле аст, ки бисёре аз ин кишварҳо худ дар ба вуҷуд овардани буҳронҳои сиёсӣ ва инсонӣ дар манотиқи ғарби Осиё ва Африқо нақш доштаанд . Ҳамроҳии онон бо Амрико дар ҳамла ба кишварҳое ҳамчун Афғонистон, Ироқ, Либия, Сумолӣ ва Сурия муҷиб шудааст то миллионҳо нафар дар ҷаҳон овора шуда ва роҳии дигар манотиқи ҷаҳон аз ҷумла Аврупо шаванд . Дар ҳоле ки акнун арупоиён ҳатто ҳозир нестанд мутаносиб бо саҳми худ дар эҷоди ҷангу буҳрон дар ин манотиқ ، нақшофаринӣ кунад . Баҳри Миёназамин, канали Манш, марзҳои Аврупо аз ҷумлаи Полша ҳамчунон қурбонгоиҳ паноҳҷуён аст; ин дар ҳоле аст, ки аврупоиён ҳамчунон шиорҳои ҳуқуқи башарӣ сар медиҳанду муддаии дифо аз ҳуқуқи инсонҳо ҳастанд.
Бештар бихонед :