Январ 01, 2022 14:26 Asia/Dushanbe
  • Барқарории равобити кории Русия бо ҳукумати Толибон

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, ки Маскав бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон равобити корӣ барқарор кардааст.

Лавров рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабаргузории ТАСС бо баёни инки дар шароити буҳрони иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон, ҳамкорӣ дар ҳавзаи инсонӣ аҳаммияти фаровон меёбад, афзуд, тамосҳои Маскав бо Кобул, аз ҷумла аз тариқи сафорати Русия дар Афғонистон анҷом мегирад.

Лавров бо ишора ба инки дар шароити кунӯнӣ ба расмият шинохтани давлати Толибон аз сӯи Маскав зӯдҳангом аст, гуфт, Русия дар моҳҳои ноябру декабр чандин маҳмӯлаи кумакҳои инсонӣ барои кумак ба мардуми Афғонистон ба ин кишвар ирсол кард.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба тозагӣ дар мавриди ба расмият шинохтани Толибон тасреҳ кард, Маскав дар ба расмияти шинохтани ҳукумати Толибон дар Афғонистон ба воқеиятҳо таваҷҷӯҳ хоҳад кард .

Путин ҳафтаи гузашта дар Конфронси матбуотии солонаи худ ёдовар шуд, ки Маскав хоҳони тасмими мунсаҷим ва як раъйи ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ин масъала (ба расмият шинохтани ҳукӯмати Толибон) дар Афғонистон аст.

Замир Кобулов, намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умӯри Афғонистон низ ба тозагӣ бо баёни ин ки Маскав ҳукумати Толибонро батавр якҷониба ба расмият нахоҳад шинохт, эълом кард, Русия дар оянда пас аз машварат бо аъзои Шӯрои амнияти Созмони милал, дар мавриди ба расмият шинохтани давлати Толибон тасмимгирӣ мекунад.

Бештар бихонед:

Барчасп