Январ 02, 2022 19:01 Asia/Dushanbe
  • Паймонкорони хусуси барандаи ҷанги Афғонистон

Рузномаи амрикоӣ ифшо кард паймонкоронӣ хусусӣ дар 20 соли ҷанги Амрико дар Афғонистон садҳо миллиард доллар ба даст оварданд.

Рузномаи амрикоӣ Волестрит Журнал, дар гузориши нави лашкаркашии 20 солаи Амрико дар Афғонистонро шикастхурда донист ва эълом кард, ки паймонкорони хусусӣ барандаи аслии ин ҷанг буданд.

Дар навиштаи ин рузномаи амрикоӣ омада аст, ки як тоҷири калифорниёӣ, ки дар Қирғизистон як қаҳвахона дошт, бо таваҷҷуҳ ба шароити Афғонистон тиҷоратӣ маводи сухтиро роҳандозӣ кард ва миллиардҳо доллар ба даст овард.

Волестрит Журнол гузориш дод, аз тавлидкунандагони силоҳ то корофаринон, ҳама аз ҷанги Афғонистон суд бурданд ва ба манофеъи бузург даст ёфтанд.

Тибқи ин гузориш ҳамалоти 11 сентябр 2001 ва вуруди НАТО ба раҳбари Амрико ба Афғонистон, супоридани қарордодҳои низомӣ ҳазинаҳои Пентагонро то 12 триллион доллар афзоиш дод ва идомаи ҷанг дар Афғонистон ва Ироқ фурсатҳое барои ин бозори пурсуд эҷод кард.

 

Барчасп