Шаклгирии бузургтарин минтақаи тиҷорати озоди ҷаҳон дар атрофи Чин
Бузургтарин минтақаи тиҷорати озоди ҷаҳон бо мушорикати 10 кишвари осиёӣ ва уқёнусия ба зудӣ дар атрофи Чин шакл мегирад.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, мушорикати минтақае иқтисодии ҷомеъ, ки шанбеи аввали январи 2022 амалӣ шуда, бузургтарин тавофуқи тиҷории ҷаҳон дар заминаи тавлиди нохолиси дохилӣ аст.
Австралия, Бруней, Камбоҷа, Чин, Ҷопон, Лаос, Зелландияи Нав, Сингапур, Таиланд ва Ветнам дар Паймони минтақаи тиҷорати озоди ҷаҳон мушорикат доранд ва Кореяи Ҷанубӣ мумкин аст аз моҳи феврали 2022 ба он бипайвандад.
Малайзия, Флиппин ва Миёнмор низ мунтазири тасвиби ин паймон ҳастанд ва Ҳинд аз ғоибони бузурги ин паймон аст.
Бештар бихонед:
Ҳушдори Чин дар бораи мудохилаи Амрико дар дарёи Чини шарқӣ
Дидори вазири хориҷаи Қазоқистон ва намояндаи вижаи Чин дар умури АвруОсиё