Таҳлил: Шаклгирии бузургтарин минтақаи тиҷоратии озоди ҷаҳон
Бо иҷрои шудани тавофуқномаи "ҳамкории иқтисодии ҷомеаи минтақа",бузургтарин минтақаи тиҷорати озоди ҷаҳон бо ҳузури кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнусия дар ҳоли шаклгири аст, ки ҷаҳиши бисёр бузурге дар ҳавзаи иқтисодии байналмиллалӣ, талқӣ мешавад.
Эҷоди бузургтарин минтақаи тиҷорати озоди ҷаҳон таҳти унвони гуруҳи "ҳамкории иқтисодии ҷомеаи минтақаи"ташкил шуда аз 10 кишвари узви иттиҳодияи (ASEAN) панҷ кишвари Чин , Кареяи ҷанубӣ ,Австралия, Ниёзланд ва Ҷопон дар 15 ноябри 2020 дар як нишасти маҷозӣ бо мизбонии Ҳонуй пойтахти Виётном шакл гирифт. Эъҷоди ин минтақа аз назари ҷуғрофиёи ҳавзаи перомуни Чинро дарбар мегирад,ки аз чанд ҷиҳат бо аҳамият аст. Аввал инки ин, бузургтарин паймони тиҷорати ҷаҳони аст ,ки бидуни дахолат ва ҳузӯри кишварҳои ғарбӣ шакл гирифта ва пешбиниҳое дар мавриди ин,ки қарни 21-ум мутаъалиқ ба кишварҳои Осиёи аст дар ҳоли таҳақуқ аст ва кишарҳои Осиёи ва ҳавзаи Уқёнусия дар ҳоли ба даст гирифтани набзи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳастанд. Ҷамъ шудани кишварҳои муҳими иқтисодии ҷаҳон аз ҷумла Чин ва Ҷопон ва ҳатто Австралия пиромуни меҳвари минтақаи тиҷорати озоди ҷаҳон дар шарқи осиё дар воқеъ меҳварият додан ба иқтисоди ҷаҳон аст,ки тарҳҳои муҳимеро низ давлати Чин дар ҳамин росто аз ҷумла тарҳи як ҷода як камарбанд дар ҳоли иҷро аст.
Роберд Золик коршиноси иқтисодии байналмиллали ва раиси пешини Бонки ҷаҳонӣ барин ақида аст: Дар қарни бисту якум кишварҳои осиёи нақши муҳим ва таъинкунандае дар таҳавулоти иқтисодии ҷаҳон хоҳанд дошт ва дар ин миён кишварҳои Ҷопон ва Чин мутурҳои рушт ва равнақи иқтисодии ҷаҳон хоҳанд буд.
Дуввумин аҳамияти эъҷоди бузургтарин минтақаи тиҷоратии озоди ҷаҳон ин аст, ки кишварҳои Осиёи ба рағми тасавуроти амнияти ва низомии маҳофили амрикоӣ ва ғарбӣ ,ҳамчунон ҳавл меҳварҳои иқтисодӣ мутамаркиз ҳастанд ва чандон майле барои амнияти кардани минтақа надоранд. Амрико дар солҳои охир талошҳои густардаеро барои эҷоди эътилофҳои амниятӣ ва низомӣ барои маҳдуд кардани Чин оғоз кардааст аммо эъҷоди бузургтарин минтақаи тиҷори натанҳо дар садади густариши муносибатҳои иқтисодии худ аз ҷумла бо Чин ҳастанд балки ин ҳамкориро бар амнияти фазои минтақаи тарҷеҳ медиҳанд.
Аз инру севвумин аҳамияти эҷоди минтақаи озоди тиҷории ҷаҳони дар шарқи Осиё ба ин маъно аст,ки ҳатто муттаҳидонӣ Амрико ва Австралия ва Ниюзланд ,ки охиран дар чорчуби паймонҳои "Куади як ва Куади ду "бо Вашингтон тавофуқнома имзо кардаанд ва ҳамкориҳои иқтисодиро танҳо роҳкори ҳифзи мавқиятҳои минтақаи ва ҷаҳонии худ дар шарқ ва уқёнусияи медонанд, Зеро қарни бисту якум ба рағми тасавурот ва талошҳои Амрико барои амнияти кардани фазои он , ҳамчунон ҳавли масойил ва ҳамкориҳои иқтисоди устувор аст ва ин метавонад дар оянда мавқияти Чинро дар баробари фишорҳои Амрико тақвият кунад.
Муно Машҳадии Раҷабӣ коршиноси масойили иқтисодии ҷаҳони дар ин бора мутақид аст: Барасоси гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ,кишварҳои Осиёи монанди Чин ва Ҷопон нақши ибисёр муҳиме дар тавсияи иқтисодии ҷаҳони доранд,ва ин бадон маъно аст,ки Осиё бо тамоми мушкилоти худ метавонад таъсири бузурге бар рушти иқтисодии ҷаҳон дошта бошад. Ба хусус ин,ки бештари кишварҳои Осиёӣ содирот меҳвар ҳастанд ва ниёзманди амнияти тавсиъаи.
Дар ҳар ҳол, муҳимтарин паёмади иҷрои шудани тавофуқномаи кишварҳои шарқӣ Осиё ва ҳавзаи уқёнусияи барои эҷоди бузургтарин минтақаи тиҷоратии озоди ҷаҳон , муҷиб хоҳад шуд то вазни Осиё дар мубодилоти тиҷоратии ҷаҳонӣ беш аз пеш афзоиш ёбад ва дар ин вазъият , ин эҳтимол ,ки дар оянда кишварҳои ғарбӣ низ ба ин маҷмуъа изофа шаванд дур аз зеҳн нест.Ҳарчанд вуруди кишварҳои ғарбӣ мумкин аст гурӯҳи "ҳамкории ҷомеъаи минтақаи "ро таҳтит таъсири манфи қарор диҳад ба ҳамин далел кишварҳои Осиёи тарҷеҳ додаанд, бидуни онҳо минтақаи тиҷорати озоди худро эҷод кунан.
бештар бихонед: