Январ 05, 2022 12:11 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Таъкиди панҷ қудрати ҳастаӣ бар иҷтиноб аз ҷанги атомӣ ва мусобиқаи ҳастаӣ
    Таҳлил: Таъкиди панҷ қудрати ҳастаӣ бар иҷтиноб аз ҷанги атомӣ ва мусобиқаи ҳастаӣ

Сарони панҷ қудрати ҳастаӣ бо содири баёнияи муштарак бар ҷилвагирӣ аз ҷанги ҳастаӣ ва дурӣ аз рақобати таслиҳотӣ таъкид карданд.

Чин,Фаронса, Русия, Британия ва Амрико ба изофаи Ирландияи шимолӣ дар ин баёния ҷилвагирӣ аз ҷанги кишварҳои мусаллаҳ ба силоҳи ҳастаӣ ва коҳиши хатароти роҳбурдиро муҳимтарин масъулияти худ баршумурда ва таъкид карданд: Мо таъкид мекунем,ки ҷанги ҳастаӣ наметавон пирӯз шуд ва ҳаргиз набояд дар он ҷангид.

Дар ин баёния тасреҳ шуда,ки аз он ҷо,ки истифода аз силоҳи ҳастаӣ то замоне,ки паёмадҳои густардае дорад,таъид мекунем салоҳи ҳастаӣ то замоне,ки вуҷуд дорад бояд дар хидмати аҳдофи дифоъӣ, боздорандагӣ дар баробари таҷовуз ва ҷилвагирӣ аз ҷанг мебошад. Ҳамчунин ба шиддат мунтақидем,ки бояд монеъи густариши ҳарчӣ бештари чунин таслиҳоте шуд.Илова бар ин ба таъаҳудоти худ дар қиболи паймони (NPT) поянда ҳастем.

"Антону Гутерриш " дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид аз баёниаи муштараки ин панҷ кишвар дар бораи ҷилвагири аз мусобиқаи таҳсилотӣ ва ҷанги ҳастаӣ дар ҷаҳон истиқбол кард.

"Стефан Дуҷорик " сухангӯи дабири кулл дар баёниае гуфт: Антониу  Гутерриш  аз изъони ин кишварҳо ба зарурати поёбандӣ ба тавофуқот ва муъоҳидоти дуҷониба пиромуни манъи густариши таслеҳоти ҳастаӣ тамҷид карда ва бори дигар таъкид мекунад,ки танҳо роҳ барои рафъи тамоми хатароти ҳастаӣ ,халъи силоҳи ҳастаӣ аст.

 

Баёниаи сарони панҷ қудрати ҳастаии ҷаҳон дар бораи зарурати худдорӣ аз ҷанги атомӣ ва мусобиқаи таслиҳоти ҳастаӣ ҳарчанд гоми мусбате дар ин замина маҳсуб мешавад,аммо бо воқеъиятҳои берунӣ носозгор аст. Ба рағми паёмони манъи густариши таслиҳоти ҳастаӣ (NPT) ки бо ҳадафи коҳиш ва дар ниҳоят аз байн бурдани ин гуна таслиҳоти мухарриб,ки истифода аз онҳо таъсироти ғайри қобили ҷубронӣ бар ҷомеъаи инсонӣ ва низ мӯҳити зист барҷой мегузорад,аммо қудратҳои ҳастаӣ камокон бидуни таваҷҷуҳ ба мухотароти ин амр ба тавсиаи ин тасҳилоти куштори ҷамъӣ мепардозанд.Зимни ин,ки афзоиши танишҳо байни ин қудратҳо муҷиби афзоиши эҳтимоли корбурдии таслиҳоти атомӣ дар кашмакашиҳои ҷангҳои эҳтимолии байни онҳо мешавад.

Аз замонӣ иҷроӣ шудани паймони (NPT) масолеҳи халъи силоҳи ҳастаӣ ва талош барои аз байн бурдани ин таслиҳоти маргбор дар дастури Созмони Миллал  қарор доштааст. Бо ин ҳол ин паймон мавриди бетаваҷҷуҳии зиёде ба вижа аз сӯй дорандагони зарротхонаҳои ҳастаӣ қарор гирифтааст.Дар воқеъ яке аз чолишҳои иҷрои паймони (NPT)пойбанд набудани кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ ба муҳтавои аслӣ ва рӯҳи ин паймон аст

Ҷаҳон беш аз ҳафтоду шаш сол аст,ки бо кобуси ҷанги ҳастаӣ сар мебарад. Қудратҳои бузурги ҳастаӣ камокон ба дунболи мудернсозии таслиҳоти ҳастаи худ ҳастанд. Панҷ кишваре,ки ба унвони кишварҳои ҳастаӣ ба расмият шинохта шудаанд ,яъне Амрико,Русия, Чин ,Фаронса ва Британия ва низ кишварҳое ,ки дар чанд даҳаи ахир ба шаклҳои мухталиф, ба бошгоҳи кишварҳои ҳастаӣ пайвастанд, дар ҳоли сохти,истиқрор ва барӯзрасонии таслиҳот ва системаҳои партобкунандаи ҳастаӣ ҳастанд. Дар ин миён Амрико дар давраи зимомдори Доналд Трамп ,раисҷумҳури собиқи ин кишвар гуйи сабқатро аз дигар қудратҳои ҳастаӣ рабурда ва дар чаҳорчуби дуктуринаи ҳастаии ҷадиди  худ ,иқдомоти густарда ва бисёр пурҳазинаеро барои навсозӣ ва таҷҳизи зарротхонаи ҳастаии Амрико бардошт. Ин раванд дар давраи зимомдории Ҷо Бойден ,раиси ҷумҳури кунунии Амрико низ идома ёфтааст.

Владимир Кузин, коршиноси низомӣ мегуяд:Амрико дар ҳоли омодасозӣ барои эҷоди як сегонаи бунёдии ҷадид ва муассири стратегӣ ташкил шуда аз се бахш яъне мушакҳои ҳастаии қорапаймо,мушакҳои баллестики ҳастаии партобшаванда аз зердарёҳои ҳастаӣ ва бомбафканҳои стратегӣ аст.

Британиё муттаҳиди стратегии Амрико низ дар чаҳорчуби санади "бозбинии ҷомеъи сиёсати хориҷӣ ва дифоӣ" қасд дорад   зарротхонаи ҳастаии худро беш аз 40дарсад афзоиш диҳад.

Бештар бихонед:       

Барчасп