Артиши Швейтсария истифода аз Ватсап ва Телеграмро мамнуъ кард
(last modified Mon, 10 Jan 2022 06:38:44 GMT )
Январ 10, 2022 11:38 Asia/Dushanbe
  • Артиши Швейтсария истифода аз Ватсап ва Телеграмро мамнуъ кард

Низомиён дар артиши Швейтсария аз корбурди барномаҳои паёмрасони Ватсап ва Телеграму Сигнал ҳангоми анҷоми хидмат манъ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, фармондеҳони артиши Швейтсария ва раисони ситоди ин кишвар дар моҳи декабр, ба тамоми низомиёни ин кишвар дастур доданд, ки аз паёмрасони швейтсарияии Threema истифода кунанд.

Даниэл Рейст (Daniel Reist), сухангӯи артиши Швейтсария таъйид кард, ки ин тавсия ба тамоми низомиёни ин кишвар, аз ҷумла сарбозон ва низомиёне, ки барои давраҳои такмилӣ ба артиш бозмегарданд, ирсол шудааст.

Артиши Швейтсария дар назар дорад ҳазинаи боргирӣ ва насби нармафзори Threema-ро ки 4 франки швейтсарияӣ (4. 35 доллар) аст, бар ӯҳда бигирад ва аз Ватсап ва Телеграм даст кашад.

 

Бештар бихонед: