Сандерс: Афғонистон бо фоҷеаи башарӣ мувоҷеҳ аст
Сенатори иёлати Вермонти Амрико бо ишора ба авзои Афғонистон, аз давлати кишвараш хост то миллиардҳо доллар пули басташудаи давлати Афғонистонро озодсозӣ кунад.
Берни Сандерс, сенатори иёлати Вермонти Амрико дар паёме дар Твиттер ҳамчунин нисбат ба авзои буҳронӣ дар Афғонистон ҳушдор дод.
Сандерс дар ин паёми твиттерӣ навишт: Афғонистон бо фоҷеаи башарӣ мувоҷеҳ аст. Ман аз давлати Байден мехоҳам, ки фавран миллиардҳо доллари басташудаи давлати Афғонистонро озодсозӣ кунад.
Дар идомаи ин паём гуфта шудааст, озодсозии долларҳои басташуда ба ҷилавгирӣ аз буҳрон кумак ва аз марги миллионҳо инсон дар Афғонистон пешгирӣ хоҳад кард.
Қатъи кумакҳои хориҷӣ ва масдуд шудани дороиҳои Афғонистон дар пайи рӯйи кор омадани Толибон (понздаҳуми августи 2022) мунҷар ба буҳрони инсонӣ дар Афғонистон шудааст.
Ба тозагӣ кумитаи байналмилалии Наҷот дар гузорише гуфтааст, ки ноамнии ғизоӣ эҳтимолан дар соли 2022 амиқтар хоҳад шуд, зеро Афғонистон бо камбуди маводи ғизоӣ, афзоиши қимати маводи аввалия ва хушксолии идомадор мувоҷеҳ аст.