Тахтиравончӣ: Шӯрои амният режими Исроилро водор ба поёни ишғолгарӣ кунад
Намояндаи Эрон дар Созмони Милал таъкид кард, Шӯрои амнияти Созмони Милал бояд режими Исроилро маҷбур ба поён додан ба ишғоли Фаластин ва дигар заминҳои арабӣ кунад.
Маҷиди Тахтиравончӣ дар нишасти Шӯрои амният дар мавриди Фаластин бо ишора ба ҷиноёти ваҳшиёнаи сарони режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, аз ҷумла иртикоби ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият зидди мардуми бедифои Фаластин гуфт, омилони ин ҷиноёт бояд ба дасти адолат супурда шаванд.
Тахтиравончӣ бо баёни ин ки авзоъ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳамчунон рӯ ба вахомат аст ва таҳдиде барои сулҳу амнияти байналмилалӣ аст, гуфт: Режими Исроил дар соли 2021 бо куштори мардуми бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон, мусодираи амволи мардуми Фаластин, тасарруф ва тахриби манозил ва тахлияи иҷбории онҳо, ба сиёсатҳои золимонаву тавсеаталабона ва иқдомоти ҷинояткоронаи ғайриқонунии худ, аз ҷумла нақзи шадиду систематикии ҳуқуқи инсонӣ дар заминҳои ишғолии Фаластин идома додааст.
Сафири Эрон дар Созмон Милал гуфт, бар асоси гузоришҳои СММ дар соли 2021 сесаду 41 фаластинӣ кушта ва 17893 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Вай бо баёни ин ки режими Исроил ба таври систематикӣ кӯдакони фаластиниро мекушад, афзуд: Дар соли 2021 86 кӯдаки фаластинӣ дар арозии ишғолии Фаластин кушта шуданд, ки болотарин рақам аз соли 2014 аст.
Сафири Эрон дар СММ таъкид кард, ин иқдомоти ҷинояткорона бо ҳадафи аз байн бурдани ҳаққи мусаллами фаластиниён барои таъйини сарнавишт анҷом мешавад.
Вай дар идома ба таҷовузоти режими Исроил ба хоки Сурия ва фаъолиятҳои шаруронаи он дар минтақа ишора кард ва гуфт, режими Исроил бо нақзи мустамари ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия ва бо таҳдиди ошкор ба истифода аз зӯр алайҳи соири кишварҳои минтақа, ба фаъолиятҳои бесуботкунандаву бадхоҳонаи худ дар минтақа идома медиҳад.
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал изҳор дошт, Ҷумҳурии исломии Эрон сиёсатҳои шаруронаву фаъолиятҳои бесуботкунандаи режими Исроилро, ки таҳдиде ошкор барои сулҳу амнияти минтақа аст, ба шадидтарин ваҷҳи мумкин маҳкум мекунад.