Июл 26, 2016 13:21 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Туркия: Созмонҳои Гулен ба дунболи кудато дар Қирғизистон ҳастанд

Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия бо ҳушдори муҷаддад ба мақомоти Қирғизистон дар бораи фаъолияти муассисоти вобаста ба Гулен дар ин кишвар гуфт: "Нуфузи созмони Гулен дар Қирғизистон ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки дар суфуфи он бархе сиёсатмадорон ҳузур доранд".

Вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, Созмонҳои таҳти сарпарастии Фатҳуллоҳ Гулен бо нуфуз дар Қирғизистон, ба дунболи такрори сенарияи кудато дар ин кишвар ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузории "Форс", Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Ахбори турк", афзуд: "Созмони террористии Фатҳулллоҳ Гулен метавонад дар Қирғизистон кудато анҷом диҳад".

Вазири умури хориҷаи Туркия бо эъломи ин ки вай ба мақомоти Бишкек, аз ҷумла Вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар бораи ин таҳдидот ҳушдор додааст, афзуд: "Созмони террористии Гулен аз Қирғизистон ба унвони як пойгоҳ истифода мекунад ва нуфузи он дар ин кишвар ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки дар суфуфи он бархе сиёсатмадорон низ ҳузур доранд.

Човушуғлу гуфт: "Қирғизистон кишвари дӯст ва бародари Туркия аст ва тавсеаи ояндаи равобити ду кишвар комилан ба тасмимоти давлати Бишкек барои мамнӯъ кардани фаъолиятҳои ҷумбиши Гулен вобаста аст. Зеро кишвари дӯсти Туркия наметавонад бистари созмони террористие шавад, ки қасди анҷоми кудато дар Туркия дошт".

Човушуғлу рӯзи гузашта низ мамнуияти фаъолияти муассисоти омӯзишии мутааллиқ ба Гуленро аз давлати Қирғизистон хостор шуда буд.

Барчасп