Январ 30, 2022 11:22 Asia/Dushanbe
  • Кумаки доруии Ҳиндустон ба Афғонистон

Ҳиндустон се тон дору ба Афғонистон фиристод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати хориҷаи Ҳиндустон эълом кард дар идомаи кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар ба Афғонистон чаҳорумин маҳмулаи кумаки пизишкӣ ба Кобул расидааст.
Ин кумак ба бемористони Индира Гандии Кобул интиқол дода шуд.
Мақомот Ҳиндустон гуфтанд пеш аз ин ҳам се маҳмӯлаи кумаки пизишкӣ шомили 500 ҳазор дозаи воксани корона ва доруҳои зарурӣ ба Афғонистон ирсол шудааст.
Қарор аст ҳафтаи ҷорӣ 50 ҳазор тон гандум низ аз Ҳиндустон ба Афғонистон мунтақил шавад.

 

Барчасп