Феврал 02, 2022 16:00 Asia/Dushanbe
  • Тирандозии маргбор дар мактабе дар Амрико

Ду донишомӯз дар хориҷ аз сохтмони як мактаб дар иёлати Миннесотаи Амрико ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтанд.

Полиси шаҳри Ричфилд дар иёлати Миннесотаи Амрико эълом кард, дар пайи ин тирандозӣ дар хориҷ аз сохтмони як мактаб, яке аз донишомӯзон ҷон бохт ва донишомӯзи дигар ба шиддат захмӣ шуд.

Ба гуфтаи полис, мазнунони ин ҳодиса фирор кардаанд ва неруҳои амниятӣ дар ҷустуҷӯи онҳо ҳастанд.

Полис дар пайи як тирандозӣ дар коллеҷи Бриҷ Вотер, дар иёлати Вирҷинияи Амрико аз мардум хостааст, ба маконе амн паноҳ бибаранд.

Озод будани ҳамли силоҳ дар Амрико рӯзона ба бурузи хушунатҳои муртабит бо тирандозӣ дар саросари ин кишвар мунҷар мешавад, ки бисёре аз онҳо маргбор аст, аммо лоббии силоҳ дар Амрико ба андозае қудратманд аст, ки то кунун Конгресси ин кишвар ҳозир нашуда иқдомотеро барои маҳдуд кардани ҳамли силоҳ анҷом диҳад.

 

Барчасп