Омикрон дар миёни гавазнҳои амрикоӣ: Тарси пажуҳишгарон аз бурузи навъи ҷадид
Ибтилои гуруҳе аз гавазнҳои бумии қораи Амрико ба навъи Омикрон, тарси пайдоиши навъи ҷадиди корона ва нигарониҳо аз имкони мизбонии ин ҳайвонот аз вируси коронаро дар миёни пажуҳишгарон боло бурда аст.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршабне Рейтер, Суруш Кучипуди яке аз пажуҳишгорони аршади донишгоҳи Пенсилванияи Амрико гуфт: Шиносоии навъи Омикрон дар гавазни дум сафед (навъи гавазни бумии қораи Амрико) дар Иёлати Ню-Йорк боиси афзоиши нигарониҳо шуда аст.
Ба ақидаи пажуҳишгарон, ин гунаи мутаваситҷуссаи гавазн, ки теъдоди он дар Амрико ба 30 миллион мерасад, метавонанд мизбони навъи ҷадиди вируси корона бошад.
Ба гузориши Райтер, намунаи хуни бархе аз намунаҳои бинии 131 гавазн дар ҷазираи Эститани Ню-Йорк (ҷазирае дар ҷануби Иёлати Ню-Йорк) нишон медиҳад, ки наздик ба 15 дарсади ин гавазнҳо дар хун ва намунаи бинии худ онтиподи вирусро доштанд.
Ба гуфти пажуҳишгарони донишгоҳи Пенсилвания ин ёфта баёнгари он аст ки ин ҳайвонот пештар ба вируси корона мубтало шуданд ва метавонанд дар баробари уфунатҳои муҷадад ва мукаррар бо навъҳои ҷадид осебпазир бошанд
Суруши Кучипуди микробиёложисти донишгоҳи Пенсилвания гуфт: Гардиши вирус дар ҷамъияти ҳайвонот ҳамеша эҳтимоли бозгашти онро ба инсон афзоиш медиҳад, аммо муҳимтар аз он фурсатҳое аст, ки амр бар зуҳури навъҳои ҷадиди вирусӣ фароҳам мекунад.
Бар асоси эъломи Вазорати кишоварзии Амрико, дар ҳоле ки то кунун ҳеҷ мадраке мабнӣ бар интиқоли вирус тавасути ҳайвонот ба инсон пайдо нашуда аст, аммо бештари уфунатҳои вируси корона дар гунаҳои ҳайвонӣ ба далели тамоси наздики ин гуруҳ аз ҳайвонот бо ҷомеъаи инсонии мубтало ба Ковид-19 буда аст.
Вазорати кишоварзии Амрико пеш аз ин ибтило ба Ковид-19-ро дар ҳайвоноте аз ҷумла саг, гурба, бабр, шер, паланг, самури обиро гузориш карда буд.