Феврал 10, 2022 18:51 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи Маркази омӯзшии неруҳои имдоду наҷоти Осиёи Марказӣ ба зудӣ дар Тоҷикистон

Раиси Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ифтитоҳи Маркази омӯзшии неруҳои имдоду наҷоти Осиёи Марказӣ дар ноҳияи Шаҳринав хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвекустам Назарзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт : Бозсозии ин марказ барои омӯзиши ҳирфаии неруҳои имдоду наҷоти Осиёи Марказӣ дар се марҳила бо кумаки молӣ ва фаннии Иттиҳодияи Аврупо ва Русия дар соли 2023 такмил хоҳад шуд.

Вай таъкид кард дар оғози иҷрои ин тарҳ омӯзиши неруҳои имдоду наҷоти Афғонистон низ барномарезӣ шуда буд, ки бо тағйири ҳукумат дар ин кишвар акнун ин мавзӯъ дар вазъи норушане қарор дорад.
Ин маркази омӯзишӣ дар минтақаи Қаротоғи ноҳияи Шаҳринав дар ғарби Тоҷикистони воқеъ шуда, ки масоҳати он 28 гектар аст.
Дар ин марказ биноҳои идорӣ,омӯзишӣ, толори варзишӣ, ресторан, хобгоҳ, толорҳои тамрини неруҳо фаъолият хоҳад кард .

Ҳангоми омӯзиши неруҳои имдоду наҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз фанновариҳои навин истифода хоҳад шуд .

 

Барчасп