Путин: Зуҳури силоҳҳои ҳастаии тактикӣ дар Украина таҳдиде барои Русия аст
(last modified Wed, 23 Feb 2022 05:54:01 GMT )
Феврал 23, 2022 10:54 Asia/Dushanbe
  • Путин: Зуҳури силоҳҳои ҳастаии тактикӣ дар Украина таҳдиде барои Русия аст

Раиси ҷумҳурии Русия гуфт, ки зуҳури силоҳҳои ҳастаии тактикӣ дар Украина таҳдиде роҳбурдӣ барои Русия ба шумор меояд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия шомгоҳи сешанбе дар суханоне гуфт, агар ниёз бошад аз артиши Русия дар Донбас истифода хоҳем кард ва беҳтарин тасмиме, ки Украина метавонад бигирад, раҳоӣ аз баландпарвозиҳояш барои пайвастан ба НАТО аст.

Раиси ҷумҳурии Русия изофа кард: “Истиқлоли Луганск ва Донетскро дар тамоми манотиқи он ба расмият шинохтаем (бархе манотиқи ин ду ҷумҳурӣ дар ҳоли ҳозир таҳти сайтараи Украина қарор дорад) ва тавофуқҳои Минск дигар вуҷуд надорад”.

Путин ҳамчунин ҳушдор дод: “Дастёбии Украина ба силоҳҳои ҳастаии тактикӣ, таҳдиде роҳбурдӣ барои Русия ба шумор меояд ва Маскав дар тирраси мушакҳои ҳастаии Украина қарор хоҳад гирифт”.

Минтақаи Донбас дар шарқи Украина, аз манотиқи Донетск ва Луганск ва низ чанд минтақаи руснишин дигар ташкил шуда ва ин ду вилоят дар соли 2014 пас аз тағйири ҳукумат дар Украина ба таври якҷониба аз Киев эъломи истиқлол карданд.

Равобити Ғарб ва Маскав аз соли 2014 дар чаҳор меҳвари густариши нуфузи низомии НАТО, ба вижа Амрико наздики Русия ва дар шарқи Аврупо, буҳрони Украина, дарёи Балтика ва авзои Сурия тира шудааст.