Амрико ҳафт ҳазор неруи низомии дигар ба Аврупо мефиристад
(last modified Fri, 25 Feb 2022 16:47:47 GMT )
Феврал 25, 2022 21:47 Asia/Dushanbe
  • Амрико ҳафт ҳазор неруи низомии дигар ба Аврупо мефиристад

Вазорати дифои Амрико (Пентагон) бо тавваҷуҳ ба ташдиди даргирӣ дар Украина, аз эъзоми ҳафт ҳазор неруи низомии амрикоӣ ба Аврупо хабар дод.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия душанбеи 21 феврал бо интиқод аз бетаваҷҷуҳии Ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав эълом кард, кишвараш истиқлоли Донетск ва Луганск дар Донбасро ба расмият мешиносад.

Путин ҳамчунин бомдоди панҷшанбе дар суханронии телевизионии худ эълом кард, Русия дар ҳоли анҷоми “амалиёти низомии вижа” дар Донбас барои ғайринизомӣ кардани Украина аст ва қасде барои ишғоли заминҳои ин кишвар надорад.

Вазорати дифои Амрико панҷшанбешаб эълом кард, ин низомиён як типи размии зиреҳӣ ба ҳамроҳи неруҳои ҳамроҳ ва пуштибониро шомил мешавад. Ин низомиён дар Олмон мустақар хоҳанд шуд то тазмине барои муттаҳидони НАТО буда ва дар баробари таҳоҷуми Русия асари боздорандагӣ дошта бошанд ва барои пуштибонӣ аз ҳар гуна ниёз дар минтақа омодагӣ вуҷуд дошта бошад.