Март 05, 2022 18:58 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Киев дар бораи пайвастани шаҳрвандони Украина ба артиш барои ширкат дар ҷанг

Вазири дифоъи Украина муддаӣ шуд, беш аз 66 ҳазор украинӣ аз хориҷ барои ширкат дар ҷанги Украина ба кишвар бозгаштанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои шабакаи Си Эн Эн, Аликсе Режников иддао кард, то кунун 66 ҳазору 224 шаҳрванди украинӣ, ки дар хориҷ аз Украина буданд барои ҳузур дар ҷанги ин кишвар бозгаштанд.

Бино бар изҳороти ин мақоми украинӣ, то кунун ин теъдод аз ҷангҷуёни украинӣ аз хориҷ вориди Украина шуданд то аз кишварашон дифоъ кунанд.

Бо вуруд ба даҳумин рӯз аз ҷанги Украина, камиссари олии паноҳандагони Созмони Миллал (UNHCR) бо эъломи ин ки то кунун беш аз як миллиону 200 ҳазор нафар аз марзҳои ин кишвар гурехтанд, ҳушдор дод буҳрони паноҳҷуёни Украина шуруъ шуда аст.

Ҳамчунин ҳамзамон бо идомаи даргириҳо дар Украина ва рафтани паноҳҷуёни украинӣ ба кишварҳои ҳамсоя, теъдоде аз шаҳрвандони рус низ ба далели паёмадоҳи ношии ҷанг ва ҳамчунин сиёсатҳои ҷадиди Маскав, Русияро ба мақсади Финляндия тарк мекунанд.

 

Барчасп