Идомаи вуруди паноҳҷӯёни украинӣ ба Полша
(last modified Mon, 07 Mar 2022 10:12:38 GMT )
Март 07, 2022 15:12 Asia/Dushanbe
  • Идомаи вуруди паноҳҷӯёни украинӣ ба Полша

Полша эълом кард, аз якуним миллион паноҳҷӯи украинӣ, ҳудуди як миллион нафари онҳо вориди ин кишвар шудаанд.

Созмонҳои кумакрасони лаҳистонӣ (Полша), ки дар марз барои кумак ба паноҳҷӯён фаъолият мекунанд, эълом кардаанд, манобеи онҳо бисёр андак буда ва тақрибан ба сифр расидааст.

Расонаҳои ғарбӣ ба нақл аз Ожонси оворагони Созмони Милали Муттаҳид гузориш кардаанд, паноҳҷуёни украинӣ бештарин омори паноҳҷӯёни аврупоӣ аз замони ҷанги ҷаҳонии дувум то кунунро ба худ ихтисос додаанд.

Бештари украиниҳое, ки кишварашонро тарк мекунанд, ба самти Полша, Молдова, Словакия, Руминия ва Маҷористон (Венгрия) мераванд. Кишварҳое ки марзҳои худро ба рӯйи тамоми паноҳҷӯён боз кардаанд.

Ҳарчанд дар ин миён гузоришҳои бисёре аз табъизу озору азияти рангинпӯстон ҳам мунташир шудааст.

Созмони Милал тахмин зада, ки беш аз чаҳор миллион нафар паноҳанда ба кишварҳои ҳамсоя мегурезанд ва ин дар ҳолест, ки дар дохили Украина миллионҳо нафари дигар ба далели ҷанг овора хоҳанд шуд.