Март 08, 2022 11:01 Asia/Dushanbe
  • Олмон бо узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо мухолиф аст
    Олмон бо узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо мухолиф аст

Як узви аршади парлумони Олмон эълом кард, ки раванди илҳоқ Украина ба Иттиҳодияи Аврупо ба манофеъи Иттиҳодия осеб мерасонад ва беҳтарин роҳ, эътои узвияти ифтихори ба Украина аст.

Майкл Рот, раиси кумитаи равобити хориҷаи Парлумони Олмон дар мусоҳибае гуфт, ончӣ ,ки мақомоти Украина метавонанд рӯйи он ҳисоб кунанд, узвияти ифтихори дар Иттиҳдияи Аврупо аст ва таҷрубаи қаблии ин Иттиҳодия барои густариши он ба кишварҳои ҳавзаи балкон бдуни хато набудааст.

Вай дар бораи печидагии раванди узвият дар Иттиҳодияи Аврупо гуфт: Барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо зарури аст, ки кишварҳои аз назари иқтисодӣ қавви ва бо субот буда ва мудирияти умумии муассир барои мубориза бо фасод дошта бошад. Аз тарафи дигар 50 ҳазо рсаҳифаи аз қавонини Аврупо бояд ба қавонини миллии Украина табдил шавад. Ин кори бузурге аст ва як шаба иттифоқ нахоҳад уфтод.

Владимир Зеленский раисиҷумҳурии Украина пас аз ҳамлаи Русия ба Украина хостори пайвастани фаврии Украина ба Иттиҳодияи Аврупо шуд ва таъкид кард таиди узвияти ин кишвар дар ин Иттиҳодия, нишон медиҳад ҳимояти онҳо аз Киев хоҳад буд.

Петру Прушенку раисиҷумҳури собиқи Украина мегӯяд: Пайвантани Украина ба  Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳадафи стратежики барои мо ба шумор меояд.

Аммо мухолифатҳо дар Олмон ба унвони муҳимтарин кишвари Иттиҳодияи Аврупо бо узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо, умеди расиҷумҳури ин кишвар барои узвияти фаври дар ин ниҳоди аврупоиро нақша бар об мекунад, ва ҳатто чашмандози мусбате низ дар ин замина боқи намегузорад.

Ин мавзеъ зимни Берлин албатта бо ҳимояти болотарин мақоми иҷройи Иттиҳодияи Аврупо низ мувоҷеҳ шудааст.

 Урсула фон дер Ляйен раиси комисиюни Аврупо бо таваҷҷӯҳ ба дархости Украина барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ,эълом кард, ки ин масъала як фароянди замонбар аст. Вай гуфт, ки мардуми Украина мутаъалиқ ба хонаводаи Аврупо ҳастанд, аммо узвият дар Иттиҳодияи мароҳил ва фароянде дорад,ки бояд тай шавад. Ин дар ҳоле аст, ки Парлумони Аврупо дархости узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупоро рӯзи сешанбе тасвиб кард.

Албатта вақте аз мароҳили узвият дар Иттиҳодияи Аврупо сухан ба миён меояд, манзур раванди тӯлонӣ ва бисёр печида ва мустамалзими таҳақуқи шурут ва шароити бисёре аст, ки таҳақуқи он ба чанд сол замон ниёз дорад. Ба унвони мисол, Туркия аз соли 2005 раванди узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро оғоз карда ва пас аз солҳо талош дар ин замина ба далели мухолифатҳо ва низ адами таҳақуқи бархе шурути мадди назари Бруксел ҳеҷ чашмандози мусбате низ дар  ин бора вуҷӯд надорад.

Дар бораи Украина низ бо таваҷҷӯҳ ба меъёрҳо стандардҳои Иттиҳодия Аврупо ва фосилаи бисёри Киев аз ин стандардҳо ба вижа дар заминаи мубориза бо фасоди молӣ ва идорӣ, асосан таҳақуқи хостаи Зеленский барои узвияти фаврии Украина дар Иттиҳодия номумкин аст.

Акнун Украина аз лиҳози фасод, рутбаи 117 ро дар ҷаҳод доро аст ва аз фосидтарин кишварҳо дар Аврупо маҳсуб мешавад. Вазъияти иқтисодии Украина низ дар солҳои ахир бо вахомати рӯзафзун мувоҷеъ будааст. Ҳамаи инҳо эҳтимолан  узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупоро бисёр заъиф кардааст. Зимни ин, ки яке аз муҳимтарин шароите, ки Иттиҳодия Аврупо барои кишварҳои хоҳони узвият таъин карда, ҳаллу фасли тамоми ихтилофоти арзӣ ва марзӣ бо ҳамсоягонаш аст. Аз ҳама муҳимтар ин аст, ки Олмон ба унвони яке аз аслитарин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо хоҳони он нест ,ки бо узвият кишвари бузурги монанди Украина , ки ба лиҳози вусъат бузургтарин кишвари Аврупо ва бо ҷамъияти қобили таваҷҷӯҳ аст, мавқеъияти бартари худро аз даст диҳад. Ба вижа ин ки узвияти Украина, коҳиши ҳаққи райи Олмон дар ҷомеъаи аврупоӣ ва коҳиши нуфӯзи ин кишвар дар Аврупоро дар пай хоҳад дошт.

 

Бештар бихонед:

Барчасп