Ноябр 22, 2016 15:52 Asia/Dushanbe

Муҳаммад Муҳаммадов, дастёри муфтии Доғистони Русия гуфт, филми “Муҳаммад расулуллоҳ (с)” нишон дод, ки Ислом дини меҳрубонӣ аст ва даъвати хайрхоҳона дорад ва онро бояд тамошо кард.

Муҳаммадов (Мухаммад-хаджи Магомедов), ки ин филмро дар Санкт-петербург тамошо кардааст, афзуд: “Ҳама тамошогарони ғайримусулмон ва секулор, ки гумон мекарданд Ислом аз тариқи шамшер ва ҷангу хунрезӣ густариш ёфтааст, баъд аз тамошои ин филм гуфтанд, ки ҷанбаҳои дигаре аз Ислом барои онҳо ошкор шудааст”.

Вай гуфт, барои бисёре аз тамошочиёне, ки дар Аврупо ва Русия ба ҷуз номи ҳазрати Муҳаммад (с) чизи дигаре дар бораи паёмбари Ислом (с) ва таърихи зиндагонии эшон намедонанд, ин филм мавзӯоти фаровонеро равшан мекунад, ки донистани онҳо зарурӣ аст.

Филми эронии "Муҳаммад расулуллоҳ (с)" ба коргардонии Маҷиди Маҷидӣ ахиран дар синамоҳои Русия ба намоиш даромадааст.

 

Барчасп