Таҳлил: Тасвиби барқарории равобит бо ҳукумати Афғонистон аз тарафи Шӯрои амният
(last modified Sat, 19 Mar 2022 06:00:54 GMT )
Март 19, 2022 11:00 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи Шӯрои амният бо 14 райи мувофиқ ва як райи мумтанеъи Русия, ба тасвиб расид
    Қатъномаи Шӯрои амният бо 14 райи мувофиқ ва як райи мумтанеъи Русия, ба тасвиб расид

Шӯрои амнияти Созмони Миллал рӯзи 17 март, мамурияти сиёсии ҳайати муовинати Миллали Муттаҳид ЮНОМА ва намояндаи вижаи Дабири кулл дар Афғонистонро бо тасвиби қатъномаи 2626 ба манзури идомаи ҳидоят ва ҳамоҳангии иқдомоти ғайри низомии байналмиллалӣ тамдид кард.

Ҳар чанд дар ин қатънома номе аз Толибон бурда нашудааст, аммо ба ЮНОМА ва намояндаи вижаи  Созмони Миллал дар Афғонистон иҷоза медиҳад то фаъолияти худро бо машварати наздик ва ҳамкори бо ҳамаи бозигарон ва зинфеъони сиёсӣ муртабит бо Афғонистон аз ҷумла дар сурати лузум бо мақомҳои марбута пай бигирад.

ЮНОМА ё ҳайати муовинати Миллали Муттаҳид дар Афғонистон ниҳоди сиёсии аст, ки дар соли 2002 тибқи қатъномаи 1401 Шӯрои амният шакл гирифт.  Ҳадафи ин маҷмӯа кумак ба давлат ва мардуми Афғонистон барои тасбити сулҳи пойдор дар ин кишвар эълом шудааст.

Қатъномаи Шӯрои амният бо 14 райи мувофиқ ва як райи мумтанеъи Русия, ба тасвиб расид. Ин қатънома ,ки калимаи Толибонро шомил намешавад, ҷузъиёти мамурияти ҷадиди намояндагони сиёсатӣ Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон (ЮНОМА) -ро ба муддати як соли дигар мушахас мекунад.

Бархе аз нозирони сиёсии ин қатънома, ки бар асоси он мамурияти ЮНОМА -ро то 17 марти 2023 тамдид карда, навъи ба расмият шинохтани Толибон аз тарафи Созмони Миллал-ро тафсир кардаанд. Зеро ин нахустин бор аст, ки аз  замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, Созмони Миллал мамурияти ЮНОМА-ро тамдид мекунад.

Ба назар мерасад Шӯрои амният бо иҷоза додан эҷоди робита ва ҳамкории ЮНОМА бо мақомоти сиёсии Афғонистон, Толибонро ба унвони ҳукумати Афғонистон ҳадди ақал ба сурати дуфокту (яъне ба расмият шинохтани мувақат)   ба расмият шинохтааст. 

Нуктаи муҳими райи мумтанеъи Русия ба қатъномаи тадовуми фаъолияти ЮНОМА буд. Василий Небензя намояндаи Русия дар Созмони Миллал  аз Шӯрои амният ба далели адами машварат бо кишвари мизбон дар хусӯси ҳузӯри Созмони Миллал дар ин кишвар интиқод кард ва иброз умедворӣ намуд, ки Созмони Миллал битавонад ба аҳдофи худ даст ёбад ва амниятро барои Афғонистон тазмин намояд. Бо ин ҳол ин дипломати русӣ таъкид кард, ки ин кишвар намехоҳад дар сурате, ки ЮНОМА натавонад ба аҳдофи худ даст ёбад, масъулияте дар ин нокоми дошта бошад.

Акнун Афғонистон ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам аз назари башардустона дар остонаи фурӯпоши аст. Нигарон кунандатарин сенария, ташдиди камбуди маводи ғизоӣ аст, ки заминаро барои бӯҳрони иқтисодӣ ва инсонии густардатар фароҳам мекунад.

Фариддун Ожанд коршиноси Афғонистон мегӯяд: поёни хунбортарин ҷанги Афғонистон натавонистааст ба дарду ранҷи мардуми Афғонистон поён диҳад ва ба назар мерасад ҳоло бештар аз ҷанг, гуруснагӣ ва фақр аз афғонҳо қурбонӣ бигирад.

То кунун ҳеҷ кишваре ба сурати расми ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият нашинохта ва бо вуҷӯди гуфтугӯҳое, ки аз тарафи бархе давлатҳои ғарбӣ бо мақомҳои ин гурӯҳ дар Афғонистон сурат гирифт, ҳанӯз нигарониҳое дар хусӯси вазъияти иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва иҷтимоъии Афғонистон таҳти ҳукумати Толибон вуҷӯд дорад.

Бо ин ҳол масъалаи асоси ва муҳим, таъини таклифи вазъияти сиёсии Афғонистон ва муваффақияти Толибон аз дидгоҳи Созмони Миллал ва қудратҳои байналмиллалӣ аст. Дар воқеъ акнун наҳваи таъомул бо Афғонистон дар ҷанбаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва амниятӣ бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Толибон аз тарафи ҳеҷ кишваре ба расмият шинохта нашудааст дучори  билотаклифи ва ибҳом аст. Акун ба назар мерасад бо тасвиби қатъномаи 2626 аз тарафи Шӯрои амният гоме дар ростои Созмони Миллал дар Афғонистон аз тариқи ба расмият шинохтани таъомул бо ҳукумати Толибон бардошта шудааст. Метавон ин иқдомро гоми нахуст дар заминаи иқдоми мушобеҳ аз тарафи қудратҳои байналмиллалӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон донист.

 

Бештар бихонед: