Март 19, 2022 21:36 Asia/Dushanbe
  • Иддаъои ҷадиди вазири дифоъи Амрико дар бораи Русия
    Иддаъои ҷадиди вазири дифоъи Амрико дар бораи Русия

Вазири дифоъи Амрико мудаъии қасди Русия барои тасаруфи яке аз шаҳрҳои Украина шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Лайд Остин, вазири дифоъи Амрико рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ бо Кирил Петков, нахуствазири  Булғористон иддаъо кард, Русия қасди тасарруфи шаҳри Одесса, дар ҷануби ғарби Украинаро дорад.

Вазири дифоъи Амрико ҳамчунин мудаъӣ шуд, дар ҳамлаи Русия ба Украина, ғайринизомиён мавриди ҳадаф қарор мегиранд.

Ин иддаъои Остин дар ҳоле матраҳ шуданд, ки кишварҳои мухталифи ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ва Британия дар пайи оғози ҳамлаи Русия ба Украина илова бар ирсоли таслиҳот ба Украиниҳо, таҳримҳои сангинеро зидди Маскав вазъ карданд.

Дар пайи таҳаррукоти ахири Ғарб дар наздикии марзи Русия, Владимир Путин раиси ҷумҳурии ин кишвар 24 феврал дар поссух ба дархости кумаки низомии сарони ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск дар шарқи Украина, дастури ҳамлаи низомӣ дар минтақаи Донбассро содир кард баъд аз он ҷангандаҳо, тупхонаҳо ва сомонаҳои мушакии Русия мавозеъи низомии Украинаро ҳадаф қарор доданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп