Март 20, 2022 18:31 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди ду ваксинаи истиншоқии корона аз сӯи Чин
    Тавлиди ду ваксинаи истиншоқии корона аз сӯи Чин

Ду воксани ҷадиди Ковид-19 тавлиди Чин аз навъи истиншоқӣ ва афшондан ба бинӣ дар марҳилаи севвуми озмоиши болинӣ қарор доранд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Чин дар ҳоли ҳозир 29 ваксинаи мухталифи Ковид-19 дорад, ки дар марҳалаи озмоиши болинӣ қарор доранд ва 19 дарсади кулли ваксинаҳои тавлидшуда дар дунёро ташкил медиҳад.

Шонздаҳ ваксина аз ин 29 ваксина дар хориҷ аз Чин дар марҳалаи севвуми озмоиши болинӣ қарор доранд, ки 27 дарсади кулли ваксинаҳои мавҷуд дар дунёро ташкил медиҳад.

То кунун ҳафт ваксинаи тавлидии Чин муъодили 21 дарсади кулли ваксинаи дунё тайиди истифодаи изтирорӣ ва ду ваксина таймди истифодаи изтирории Созмони ҷаҳонии беҳдоштро дарёфт карданд.

Панҷ навъ ваксинаи тавлидшуда дар Чин шомили вируси ғайрифаъолшуда, ваксинаи аднавирус, ваксинаи навтаркиби протеинӣ, ваксинаи вируси заъифшудаи зукон ва ваксинаи кислота аст.

Камисёни миллии беҳдошти Чин мегуяд ваксинаҳои истиншоқии аднавирус ва афшондан ба бинӣ бо истиқболи умумӣ мувоҷеҳ шуд ва дар ҳоли ҳозир марҳалаи севвуми озмоиши болиниро пушти сар мегузорад.

 

Барчасп