Март 25, 2022 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Вазорати хориҷаи Русия дар бораи фурӯпошии равобити Русияву Амрико
    Ҳушдори Вазорати хориҷаи Русия дар бораи фурӯпошии равобити Русияву Амрико

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Русия ҳушдор дод: Ҷанги иқтисодии Амрико алайҳи Русия метавонад муносиботи дуҷонибаи ду кишварро ба сурати комил нобуд кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Мария Захарова эълом кард: Амрико алайҳи Русия эълони ҷанги иқтисодӣ кардааст, ки ин амр равобити дуҷонибаро ба таври комил таҳдид мекунад, аммо ду кишвар ҳануз ҳам метавонанд усули эҳтироми мутақобилро идома диҳанд.
Мария Захарова дар идомаи изҳороти худ афзуд: Ин ҷанги иқтисодӣ алайҳи Русия таҳдиде барои фурӯпошии комили равобити дуҷониба аст.

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Русия ҳамчунин таъкид кард: Рафтори ғайри қобили қабули Вашингтон аз як хашми шикастахурда ношӣ мешавад, чаро ки тарҳи табдили Украина ба маркази муқобила бо Русия ва истифода аз он ба унвони як пули иртиботӣ барои анҷоми анвоъи ҳамалот ба хоки Федерасиюни Русия ноком мондааст.
Вай тасреҳ кард: Ба далели иқдомоти Вашингтон фаъолияти намояндагиҳои диплумотики Русия бо ихроҷҳои мутақобили дипломатҳо ба маънои воқеии калима аз байн мераванд. Бадеҳӣ аст, ки агар намояндагиҳои диплумотӣ дар Вашингтону Маскав баста шаванд, ҳеч кас эҳсоси беҳтаре нахоҳад дошт ва ҳалл
и мушкилот ғайримумкин хоҳад буд.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия  24 феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинро содир ва эълом кард ҳадафи Русия ғайринизомӣ кардани Украина аст ва қасде барои ишғоли арозии ин кишвар надорад.

 

Барчасп