Ноябр 24, 2016 14:26 Asia/Dushanbe
  • Равобити низомӣ - фаннӣ хориҷии Русия маҳрамона эълом шуд

Раисиҷумҳури Русия қонуни маҳрамона будани иттилооти ҳамкориҳои фаннӣ-низомӣ бо кишварҳои дигарро имзо кард.

Ба гузориши ИРНА, ҳукми Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои иҷрои қонуни маҳрамона эълом шудани иттилооти ҳамкориҳои фаннӣ-низомӣ хориҷии ин кишвар, рӯзи чаҳоршанбе дар сойти вижаи асноди расмии Русия мунташир шуд.

Дар ин ҳукм омадааст, иттилооти аввалияи марбут ба барномаҳо ва дидорҳо барои иҷрои ҳамкориҳои фаннӣ- низомӣ бо кишварҳои дигар низ, ки интишор пеш аз вақти он ба манофеи Русия зарба мезанад, асрори давлатӣ ба шумор меравад.

Русия бо ҳудуди 70 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои фаннӣ-низомӣ дорад ва ба теъдоде аз ин кишварҳо ҷангафрӯз мефурӯшад.

Ин кишвар соли гузашта, бо фурӯши беш аз 10 миллиар доллар ҷангафрӯз, пас аз Амрико бо фаротар аз 30 миллиард доллар содироти таслиҳот, дар ҷойгоҳи дуввуми ҷаҳон қарор гирифт.

 

Барчасп