Раиси ҷумҳурии Чечен: Нерӯҳои рус Киевро тасарруф хоҳанд кард
Апрел 11, 2022 15:08 Asia/Dushanbe
Раиси ҷумҳурии Чечен, ки нерӯҳои кишвараш ҳамроҳи нерӯҳои Русия дар ҷанги Украина мушорикат доранд, гуфт: Нерӯҳои рус на танҳо бандари таҳти муҳосираи Мориупол, балки Киев ва бақияи шаҳрҳои Украинаро тасарруф мекунанд.
Ба гузориши ИРНА, Рамазон Қодиров рӯзи душанбе тайи паёме, ки дар сафҳаи шахсии худ дар Телеграм мунташир кард, навишт: Ибтидо Луганск ва Донетскро комилан озод хоҳем кард ва баъд Киеву дигар шаҳрҳоро тасарруф мекунем.
Нерӯҳои Русия аз атрофи Киев ақибнишинӣ кардаанд, аммо расонаҳову мақомоти ғарбӣ ҳадаф аз ин ақибнишиниро тамаркуз бар шарқи Украина эълом карда ва аз афзоиши нерӯҳову иқдомоти таҳоҷумии нерӯҳои рус дар ин манотиқ хабар додаанд.
Барчасп