Коҳиши мизони маҳбӯбияти Байден
(last modified Tue, 19 Apr 2022 06:39:04 GMT )
Апрел 19, 2022 11:39 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши мизони маҳбӯбияти Байден

Тибқи натоиҷи як назарсанҷии ҷадид, мизони маҳбӯбияти раисиҷумҳури Амрико коҳиши қобили таваҷҷӯҳе доштааст.

Тибқи назарсанҷии шабакаи Fox News, аз ҳар 10 амрикоӣ шаш нафар амалкарди Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрикоро таъйид намекунанд.

Ин назарсанҷӣ, ки дар моҳҳои марту апрел анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки фақат 41 дарсади шаҳрвандони Амрико амалкарди раисиҷумҳуриро таъйид мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки 58 дарсади мардум аз амалкарди Байден норозиянд, ки намоёнгари камтарин мизони таъйиди ӯ аз оғози давраи раёсатҷумҳураш аст.

Дар ҳоле, ки 83 дарсади демукратҳо аз иқдомҳои ӯ ҳимоят мекунанд, фақат 9 дарсади ҷумҳурихоҳон амалкарди раисиҷумҳуриро таъйид кардаанд.