Маркази исломи Англис мизбони рузадорон дар остонаи шабҳои Қард
(last modified Tue, 19 Apr 2022 15:45:54 GMT )
Апрел 19, 2022 20:45 Asia/Dushanbe
  • Маркази исломи Англис мизбони рузадорон дар остонаи шабҳои Қард
    Маркази исломи Англис мизбони рузадорон дар остонаи шабҳои Қард

Маркази исломии Англис дар остонаи шабҳои қадр омода шуда аст то мизбони ҳазорон рузадор ва аъзодори Амиралмуъминин(а) дар Ландан ва дигар шаҳрҳои Англис бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳуҷалтулислом вал муслимин Сайид Ҳошими Мусавӣ намояндаи валифақиҳ дар Англис дар посух ба саволи хабарнигори Эрон Пресс дар Ландан мабни бар вижагиҳои Рамазони соли 2022 дар муқоиса бо солҳои қабл гуфт, бо кам шудани маҳдудиятҳои бемории корона ҳануз хела аз рузадорон ба иллати шароити хоси худ имкони истифода аз барномаҳои ҳузуриро надоранд.

Намояндаи валифақиҳ дар Англис таъкид кард аз назари мушорикат ва истиқболи рузадорон барои истифода аз барномаҳои маркази исломии Англис рушди бисёр хуб мушоҳида мешавад ва нисбат ба солҳои қабл бисёр қобили таваҷҷуҳ аст.

Ҳуҷатулислом вал муслимин Мусавӣ изҳор кард, соли қабл фақат 15 рӯз маросими ҳузури дар маркази исломии Ландан вуҷуд дошт, аммо имсол 30 руз ва барномаҳои фавқулодаи фарҳангӣ ва омӯзишӣ барқарор аст.

Ба гуфтаи раиси маркази исломии Англис вижабарномаҳои Рамазони имсол дар дигар шаҳрҳои Англис ва аз ҷумла маркази исломи дар шаҳрҳои Манчестр, Бирмингем, Гласго, Кардиф ва Ливерпул баргузор мешавад