Июл 14, 2016 14:09 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳуроти зиддиамрикоии мардуми Кореяи ҷанубӣ

Ҳазорон нафар аз мардуми Кореяи ҷанубӣ панҷшанбеи 14 июл дар эътироз ба истиқрори сомонаи дифои зиддимушакии "ТОД"-и Амрико дар баробари сохтмони Вазорати дифоъ дар Сеул тазоҳурот карданд.

Ба гузориши "Рашатудей", пештар низ муътаризон ба сиёсатҳои давлати Сеул, ба ҳамин масъала эътироз карда ва ба Сеул дар бораи авоқиби чунин иқдоме ҳушдор дода буданд.

Тазоҳуроти 14 июли мардуми Кореяи ҷанубӣ дар эътироз ба тавофуқномаи истиқрори сомонаи мушакии "ТОД" аммо густардатар ва дорои паёме тунд ба давлатмардони Сеул будааст.

Тазоҳуроткунандагони кореяӣ мегӯянд, тасмими давлати Сеул мабнӣ бар додани иҷоза ба Амрико барои истиқрори ин сомонаи мушакӣ фақат ба афзоиши танишҳо дар кишвар ва минтақа мунҷар мешавад.

Ин сомонаи мушакӣ қарор аст дар бахши SEONGJU мустақар шавад, ки аз диди бархе мардум, минтақае стратегӣ маҳсуб мешавад.

Дар канори мардуми муътаризи Кореяи ҷанубӣ, Чин, Русия ва Кореяи шимолӣ қарор доранд, ки иқдоми давлати Сеулро ҳамвор кардани роҳ барои ҳузури густардатари Амрико дар Осиё талаққӣ мекунанд.

Аз нигоҳи Пекин ва Маскав, Амрико дар пайи бозёбӣ ва тақвияти ҳарчӣ бештари равобити худ бо кишварҳои Шарқ, Шарқи дур ва Ҷануби Шарқи Осиё аст ва ин таъкиде муҷаддад бар ҳифзи сиёсати осиёии Амрико дар ин қора аст.

Ин дар ҳоле аст ки истиқрори сомонаи мушакии "ТОД"-и Амрико дар хоки Кореяи ҷанубӣ аз нигоҳи Вашингтон сирфан дифоӣ ва барои маҳори таҳдидҳои ношӣ аз таслиҳоти ҳастаӣ ва мушакҳои боллистикии Кореяи шимолӣ аст, ки бар алайҳи мавзеъгириҳои Амрико, ҳар рӯз Пюнг Ёнг бар доманаи фаъолиятҳои худ дар ин замина афзоиш медиҳад.

Шояд битавон гуфт, барои Кореяи шимолӣ дастёбӣ ба бартарии низомӣ ғайримумкин хоҳад буд, аммо Амрико бо дар пеш гирифтани роҳбурдҳои дифоӣ, амниятӣ ва низомӣ, ба навъе дар пайи илқои ин мавзуъ аст, ки ҷанг дар воқеъ идомаи дипломатия аст.

Дар ҳоле ки бисёре аз андешмандони сиёсӣ мегӯянд, ин назария дигар муътабар нест ва аҳамияти худро аз даст додааст ва лозим нест Амрико адреси ғалат ба афкори умумии ҷаҳон бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол бархе кишварҳо нигарони идомаи мусобиқаи таслиҳотӣ ҳастанд, ки омили онро сиёсатҳои низомигароёнаи Амрико дар густараи Осиё медонанд. Идомаи мусобиқаи таслиҳотӣ эҳтимолан ба бархурдҳои низомӣ мунҷар мешавад.

Дақиқан ба ҳамин далел, Чин борҳо аз халъи силоҳи ҳастаӣ дар шибҳи ҷазираи Корея дифоъ кард ва дар ҳамон ҳол, барои он ки ибтикори амалро аз дасти Амрико ва муттаҳидонаш бигирад, гуфтугӯҳои мустамарро камҳазинатарин роҳ барои хориҷ шудани минтақа аз буҳрон медонад.

Аз нигоҳи Чин, суботи стратегӣ лозимаи расидан ба марҳалаи орисозии ин бахш аз Осиё аз силоҳҳои ҳастаӣ аст. Зимни он ки ҳифзи амнияти миллии як кишвар фақат бо такя бар тавони низомӣ ва технологӣ мумкин нест, зеро роҳҳои дипломатӣ дар ин хусус аҳамияти физояндае хоҳанд дошт.

Ба ҳар ҳол, тазоҳуроти зиддиамрикоии мардуми Кореяи ҷанубӣ ва ҳамчунин мардуми Ҷопон дар ин солҳо нишон медиҳад, ки илова бар давлатҳо, бисёре аз миллатҳои осиёӣ низ аз сиёсати мудохилаҷӯёнаи Амрико, ки ба нодида гирифта шудани ҳокимият ва ғурури миллии онҳо хатм мешавад, норозӣ ҳастанд.