Таҳлил: Шиллики мӯшаки баллистик аз сӯи Кореяи Шимолӣ, иллатҳо ва аҳдоф
Кумитаи фармондеҳони Ситоди муштараки артиши Кореяи Ҷанубӣ зимни таъйиди шиллики мӯшаки баллистики Кореяи Шимолӣ, мабдаи онрои Сусан дар минтақаи Пхенян эълом кард.
Гуфта мешавад, ин чаҳордаҳумин шиллики мушакии Кореяи Шимолӣ аз ибтидои соли 2022 аст, ки бо ҳадафи қудратнамоии Пхенян дар баробари Амрико ва ҳамсоягонаш, Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ сӯрат мегирад.
Илова бар ин, аҳдофи дигаре ҳам дар мавриди идомаи барномаҳои мушакии Кореяи Шимолӣ қобили тасаввур аст. Аввал онки Кореяи Шимолӣ ба дунболи тақвияти қудрати боздорандагиаш дар баробари қудратҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ба хусӯс Амрико аст, ки ҳузури низомиаш дар минтақаро таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти миллӣ худ медонад.
Дуввум онки Кореяи Шимолӣ бо шиллики мӯшак,мекушад зимни ҷалби таваҷҷуҳи маҳофили ҷаҳонӣ ба таҳаввулоти шибҳи ҷазираи Корея нишон диҳад, ки таҳримҳои Амрико зидди Пхенян натавониста Кореяи Шимолиро аз пой биандозад.
j.Nishino, коршиноси масолили сиёсӣ ва мударриси донишгоҳи Keio Ҷопон дар ин бора мегуяд, давлати Кореяи Шимолӣ ба дунболи тақвияти зарфиятҳои дифои миллии худ аст, ки ба Пхенян имкон медиҳад то дар баробари фишорҳои хориҷӣ мавқеъият ва қудрати худро тақвият кунад.
Агарчӣ дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп дар Амрико миёни вай ва Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ дидорҳое сӯрат гирифт ва ду тараф паёмҳоеро дар ҷиҳати танишзудоӣ мунташир карданд, аммо тааллули давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико барои нишастан пойи мизи музокира бо Кореяи Шимолӣ боис шудааст Пхенянро беш аз пеш ба самти тавсеаи барномаҳои мушакиаш бикашонад. Дар воқеъи Кореяи Шимолӣ, ки худро муҳосирашуда миёни Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа медонад тавони мушакии худро бо ҳадафи тақвияти қудрати чоназанӣ дар баробари Вашингтон ҳамчунон иртиқо медиҳад.
Хабаргузории Киодои Ҷопон дар таҳлиле аз тавони рӯба рушди мушакии Кореяи Шимолӣ менависад: Кореяи Шимолӣ ба дунболи муҷоб кардани давлати Амрико барои нишастан пушти мизи музокира ва эҳтимолан лағви таҳримҳои иқтисодӣ аст. Дар воқеъ Кореяи Шимолӣ муътақид аст, Амрико танҳо забони низомигариро мефаҳмад то муҷоб ба музокира ва гуфтугӯ шавад.
Дар ҳар ҳол, буҳрони Украина боис шудааст таваҷҷуҳоти байналмилалӣ умдатан мутаваҷҷеҳи он ва бетаваҷҷуҳӣ ба масоили шибҳи ҷазира Корея шавад, ки баназар мерасад чандон хушоянди Пхенян нест. Аз ин рӯ, давлати Кореяи Шимолӣ бо шиллики мӯшаки баллистик аз яксу нишон дод, ки ваъдаи худро дар мавриди тақвияти қудрати боздорандагиаш дар болотарин сатҳ пайгирӣ мекунад ва дар ҳамон ҳол ба Амрико ва муттаҳидонаш собит кард, ки таҳримҳо наметавонад ва нахоҳад тавонист монеъи пешрафтҳои низомӣ ва мушакии Кореяи Шимолӣ шавад. Балки ин гуфтугӯ ва чоназаниҳои пушти миз музокирот аст, ки метавонад бо дар назар гирифтани манофеи ду тараф, ба роҳи ҳалли усӯлӣ дар мавриди масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ бианҷомад.
Бештар бихонед:
- Ибрози нигаронии Кореяи Ҷанубӣ аз озмоишҳои мушакии ахири Кореяи Шимолӣ
- Кореяи Ҷанубӣ: Медонем чигуна қудрати Кореяи Шимолиро аз байн бибарем