Карона ва сафҳои тӯлонии харид дар Чин
(last modified Fri, 13 May 2022 11:53:10 GMT )
Май 13, 2022 16:53 Asia/Dushanbe
  • Карона ва сафҳои тӯлонии харид дар Чин

Нигарониҳо дар бораи ташдиди маҳдудиятҳои коронаӣ боиси ҳуҷуми шаҳрвандони Пекин, пойтахти Чин ба фурӯшгоҳҳо ва эҷоди сафи тӯлонӣ барои хариди коло шудааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, бо ин ҳол масъулони Чин овозаи карантин дар Пекинро такзиб карда ва аз мардум хостанд аз хариди ҳаяҷонӣ худдорӣ кунанд.

Тибқи ин гузориш, дар пайи афзоиши мизони мубталоён ба вируси корона мардуми пойтахти Чин аз рафтан ба ресторан ва бархе маконҳои умумии дигар манъ шудаанд ва фаъолияти бархе истгоҳҳои автобусу метро низ мутаваққиф шудааст.

Нигаронии мардуми Пекин вазъи муқаррароти карантинаие мисли Шанхай аст, ки аз 6 ҳафтаи пеш эъмол ва наздик ба ниме аз фаъолиятҳои иқтисодии ин шаҳр мутаваққиф шудааст.

Чин сиёсати сахтгиронаи “Ковид сифр” –ро барои решакан кардани корона пайгирӣ мекунад ва дар посух ба интиқодот эълом карда, ҷони инсонҳо арзиши бештаре дар муқоиса бо бархе маҳдудиятҳои муваққатӣ дорад.

Чин имрӯз 331 мавриди ҷадиди ибтило ба корона ва 2 мавриди фавтиро гузориш додааст.