Интиқоди Иттиҳоди Аврупо аз тарҳи шаҳраксозии режими саҳюнистӣ
(last modified Sat, 26 Nov 2016 14:02:53 GMT )
Ноябр 26, 2016 19:02 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Иттиҳоди Аврупо аз тарҳи шаҳраксозии режими саҳюнистӣ

Иттиҳоди Аврупо эълом кард, тарҳи ҷадиди Исроил барои сохти 500 хона дар Қудси ишғолӣ, нақзи сареҳи ҳокимияти арзии фаластинён аст.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, як сухангӯи Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи шанбе дар баёнияе тасреҳ кард, сиёсатҳои тавсеаталбона ва шаҳраксозии Исроил, иқдоми ғайриқонунӣ аст ва монеи тавсеа ва пешрафти фаластинён мешавад.

Сухангӯи Могерини таъкид кард, шаҳраксозӣ ва мусодираи заминҳои фаластинён тавассути Исроил, таҳдид ва монеи ҷиддӣ бар сари роҳи таҳаққуқи сулҳ ва созиш миёни тарафҳои фаластинӣ ва исроилӣ хоҳад буд.

Созмони Милал ва дигар мақомҳои ғарбӣ ҳам тарҳҳои режими саҳюнистиро барои густариши шаҳракҳои саҳюнистнишин дар заминҳои фаластинӣ ба вижа шарқи Қудс маҳкум кардаанд.

Режими саҳюнистӣ бо эҳдоси шаҳракҳои саҳюнистнишин дар садади тағйири сохтори ҷуғрофиёии манотиқи фаластинӣ ва чеҳраи саҳюнистӣ додан ба ин манотиқ аст, то султаҷӯиҳояшро дар манотиқи фаластинӣ тасбит кунад. Исроил дарсадад аст, бо тафкики манотиқи фаластинӣ ба манотиқи ҷудо аз ҳам, монеи эҷоди қаламрави мунсаҷим барои ташкили кишвари фаластинӣ шавад.