Июн 07, 2022 12:58 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Амрико, Русияро муттаҳам ба дӯздидани ғаллоти Украина кард

Вазорати хориҷаи Амрико иддао кард, Русия содироти ғаллоти Украинаро ба сирқат мебарад то ба нафъи худ онҳоро бифурушад.

Кишварҳои ғарбӣ муддаиянд, Русия бо эъмоли муҳосираи дарёӣ бар Украин, масъули коҳиши содироти ғаллот аз ин кишвараст, иддаое, ки Русия онро рад кардааст.

Мария Захарова, сухангуи вазорати хориҷаи Русия ахиран гуфт, изҳороти Ғарб дар бораи мамониат аз хуруҷи киштиҳои хориҷӣ тавассути Русия дар дарёи Сиёҳ ва Азов беасос аст, зеро Маскав ҳаррӯз каридорҳои башардустонаро боз мекунад, аммо мақомоти Украина аз ҳамкорӣ, худдорӣ мекунанд .

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико асри душанбе дар конфронсе бо мавзӯи масоили амнияти ғизоии ношӣ аз таҳоҷум ба Украина дар маҳали вазорати хориҷаи Амрико, бо баёни ин иддао, ки Русия машғули захира ва эҳтикор ғаллот аст, тасреҳ кард, ки ҷанги Украина таъсири мухаррибе бар амнияти ғизоии ҷаҳон дорад, зеро Украина яке аз сабадҳои нони ҷаҳон аст.

Вай муддаӣ шуд, дар ҳоли ҳозир муҳосираи дарёӣ аз сӯи Русия дар Дарёи Сиёҳ монеъ аз содироти маҳсулоти украинӣ ба мақсадҳои ҳамешагии худ мешавад.

Изҳороти Блинкен дар ҳоле аст, ки Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия пештар гуфта буд, ки Ғарб дар мавриди ин воқеият, ки киштиҳои ҳомили ғаллоти Русия таҳрим шудаанд, сукут кардааст ва ин киштиҳо дар банодири Аврупо пазируфта намешаванд, онҳо бима нестанд ва усулан тамомии занҷираҳои таробарӣ ва молӣ, ки бо арзаи ғаллот ба бозорҳои ҷаҳонӣ муртабит аст, аз сӯи Ғарб таҳрим шудааст.

Лавров таъкид кард, Русия ҳозир аст ба содироти ғаллот ба ҷаҳон идома диҳад.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ гуфт, Русия моил аст, дар сурати лағви таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав, маводи ғизо ва дигар маҳсулоти кишоварзии худро содир кунад.

Василий Небензя, намояндаи Русия дар Шӯрои амнияти Созмони милал, ахиран эълом кард, ки кишвараш як каридори убури маҳмулаҳои ғаллот аз бандари Одесса боз кардааст, вале ба хотири минагузории нерӯҳои украинӣ киштиҳо қодир ба тарки бандар нестанд.

 

Барчасп