Июн 09, 2022 18:13 Asia/Dushanbe
  • Зардорӣ: Буҳрони инсонӣ дар Афғонистон мумкин аст ба фурӯпошии иқтисоди ин кишвар мунҷар шавад
    Зардорӣ: Буҳрони инсонӣ дар Афғонистон мумкин аст ба фурӯпошии иқтисоди ин кишвар мунҷар шавад

Вазири умӯри хориҷаи Покистон зимни таъкид бар лузӯми талоши муштараки ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои расидагӣ ба буҳрони инсонӣ ва иқтисодии Афғонистон, озодсозии дороиҳои тавқиф шуда ин кишварро аз тарафи Амрико хостор шуд.

Билавал Бхутто Зардорӣ (Bilawal Bhutto Zardari), вазири хориҷаи Покистон таъкид кард, озодсозии дороиҳои Афғонистон аз тарафи Амрико барои кумак ба суботи иқтисоди ин кишвар муҳим ва зарурӣ аст.

Вазири хориҷаи Покистон пеш аз ин низ бо изҳори инки беш аз 95 дарсади ҷамъияти Афғонистон зери хати фақр қарор доранд, гуфта буд, ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд бидуни дарназар доштани навъи робитаи кишварҳо бо Толибон, барои ҷилавгирӣ аз буҳрони инсонӣ ва фурӯпошии иқтисодӣ бо ҳайати ҳокимаи Афғонистон ҳамкорӣ кунад.

Зардорӣ ҳамчунин ҳушдор дода буд, буҳрони инсонӣ дар Афғонистон мумкин аст ба фурӯпошии иқтисоди ин кишвар мунҷар шавад.

Фурӯпошии иқтисодии Афғонистон бар асари мусодира шудани дороиҳои ин кишвар бузургтарин нигаронӣ аст, ки аз замон ба қудрат расидани муҷаддади Толибон дар Афғонистон дар августи соли 2021 аз сӯи бархе кишварҳо матраҳ шудааст.

Тибқи ончӣ дар расонаҳо инъикос пайдо кардааст, ҳудӯди даҳ миллиарддоллар аз дороиҳои Бонки марказии Афғонистон назди банкҳои Амрико ба баҳонаи ҳокимияти Толибон дар ин кишвар мусоидира шудааст, ки ин масаъла осеби бузурге ба иқтисоди Афғонистон ворид кардааст.

Адами дастрасии давлати Толибон ба дороиҳои Бонки марказии Афғонистон дар хориҷ аз ин кишвари мӯҷиб шуда то ин гурӯҳ натавонад монанди солҳои гузашта ниёзҳои воридотӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ ва доруро аз дигар кишварҳо таъмин кунад, ки ин масаълаи бахше аз иллатҳои аслии бурузи буҳрони гуруснагӣ дар Афғонистонро ташкил додааст.

Илова бар ин, ҳамзамон бо қудрат ёфтани дубораи Толибон дар Афғонистон ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо таҷдиди назар дар раванди кумакрасонӣ ба ин кишвар, тақрибан ҳамаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро қатъ кард ки ин масаъла бар ташдиди камбӯди маводи ғизоӣ ва падидор шудани чолише бузург бар сари роҳи таъмини ғизо барои мардум афзуд.

Тибқи гузориши мунташир шуда тавассути Созмони милал дар ҳоли ҳозири ҳудӯди 23 миллион шаҳрванди Афғонистон гуруснагии ҳодро таҷриба мекунанд ва 95 дарсади мардуми ин кишвар ғизои кофӣ барои хӯрдан надоранд. Дар ин гузориш ҳамчунин тасреҳ шудааст, ки 10 миллион кӯдаки афғон барои зинда мондан ба кумакҳои фаврӣ ниёз доранд.

Дар чунин шароите аст, вазири хориҷаи Покистон, идомаи раванди адами дастрасии давлати Толибон ба дороиҳои Афғонистон дар хориҷро барои суботи иқтисодии ин кишвар бисёр хатарнок дониста ва паёмадҳои манфии онро мутаваҷҷеҳи кишварҳои минтақа ва ҳамсоя арзёбӣ кардааст.

Покистон ки дар байни кишварҳои ҷаҳон бештарини ҳимоятҳои сиёсиро аз ҳокимияти Толибон дар Афғонистон эъмол кардааст, дар моҳҳои гузашта борҳо аз мақомоти амрикоӣ хоста то бо таҷдиди назар дар тасмими худ барои мусодира кардани дороиҳои Афғонистон, аз вахим шудани авзоъи инсонӣ ва фурӯпошии иқтисодии ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд.

Бо вуҷӯди интишори гузоришҳои мухталиф аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ дар бораи авоқиби хатарноки гуруснагии ҳод барои миллионҳо нафар дар Афғонистон, аммо давлати Амрико бидуни таваҷҷуҳ ба шароити буғранҷи мардуми он кишвар ҳамчунон бар таваққуфи дороиҳои Афғонистон таъкид дорад.

Ба назар мерасад, чунончӣ давлати Амрико дар тасмими худ барои таҳти фишор қарор додани Толибон аз тариқи мусодира кардани дороиҳои Афғонистон таҷдиди назар накунад ва Толибони низ ба мутолиботи ҷомеъаи ҷаҳонӣ посухи мусбат надиҳад, шароити иқтисодӣ ва маишатӣ беш аз гузашта барои мардуми ин кишвар душвор хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп