Мухолифати ними аз британияиҳо бо боқимондани Ҷонсун
(last modified Sat, 11 Jun 2022 13:44:46 GMT )
Июн 11, 2022 18:44 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати ними аз британияиҳо бо боқимондани Ҷонсун
    Мухолифати ними аз британияиҳо бо боқимондани Ҷонсун

Назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, 51 дарсад аз шаҳрвандони британияӣ муътақиданд райи кумитаи муҳофизакорон ба боқи мондани Бурис Ҷонсун дар вазифаи нахуствазир иштибоҳ буда аст.

Бурис Ҷонсун, нахуствазири Британия рӯзҳои аввали июн тавонист барои райи эътимоди ҳизби муҳофизакорро бо 211 райи мувофиқ ва дар муқобил 148 райи мухолиф касб кунад.

Ифшогари дар бораи ширкати Ҷонсу дар гуруҳҳои иҷтимоъи ҳамчун расвоии Порти Гет ва нақзи муқарароти марбут ба маҳдудиятҳои фосилаи иҷтимоъӣ бо дархостҳои барои истеъфои вай ҳамроҳ шуд.

Хабаргузории Спутник рӯзи шанбе бо истинод ба натиҷаҳои назарсанҷи муассисаи Ипсус 36 дарсади посухдиҳандагон гуфтанд, тасмими муҳофизакорон барои боқи мондани Ҷонсун дар вазифаи нахуствазири ба унвони раҳбари ин ҳизб дуруст буда аст.

13 дарсад низ гуфтанд посух додан ба ин савол барои онҳо душвор аст

Натиҷаҳои ин назарсанҷи, ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд ҳамчунин нишон дод, ки тақрибан ними аз посухдиҳандагон 49 дарсад бар ин боваранд, ки Ҷонсун натавонист ба вазифаи худ ба унвони нахуствазир амал кунад ва 31 дарсад баён карданд, ки ӯ тавонист ин масъулиятро ба хуби анҷом диҳад.

Дар ҳоли ҳозир 50 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷи гуфтанд, ки давлати кунунӣ амалкарди бад дорад ва фақат 29 дарсад мухолифи ин назар буданд.

59 дарсад аз британияиҳо бар ин боваранд, ки баъид аст Ҷонсун дар интихоботи саросарии оянда пирӯз шавад.