Июн 24, 2022 18:36 Asia/Dushanbe
  • ФИФА: Листи ниҳоии тимҳои миллӣ дар Ҷоми Ҷаҳонӣ 26 нафара шуд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) эълом кард, теъдоди бозикунони ҳар тим дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар аз 23 бозикун ба 26 бозикун афзоиш ёфт.

Шӯрои ФИФА муташаккил аз раиси ФИФА ва 6 раиси конфедератсияҳои қораӣ аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии "Варзиши се", яке аз тасмимҳои Шӯрои ФИФА дар ҷаласаи рӯзи гузашта (панҷшанбе), таъйини таърихи баргузории конгресси ҳафтоду сеюми ФИФА буд. Ин конгресс рӯзи 16 марти 2023 дар Руанда баргузор хоҳад шуд. Ин конгресс интихоботи раёсати Фифаро баргузор хоҳад кард.

Таърихе, ки тимҳо бояд листи 26 нафараи бозикунони худро ба ФИФА эълом кунанд, рӯзи 13 ноябри 2022 хоҳад буд.

 

Барчасп