Июн 24, 2022 19:12 Asia/Dushanbe
  • Вуқуи дуюмин заминларза дар Афғонистон/ 5 қурбонӣ дар Пактиё

Заминларза дар вилояти Пактиё 5 қурбонӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории “Шафақно”, Гайони Пактико дар вилояти Пактиё пас аз ду рӯз, имрӯз ҳудуди соати даҳи субҳ ба вақти маҳаллӣ муҷаддадан шоҳиди вуқуи заминларза буд.

Бинобар оморҳои муваққатӣ, ин зилзила илова бар панҷ кушта, 11 захмӣ низ барҷой гузоштааст.

Аҳмадуллоҳи Васиқ, раиси радиотелевизиони миллии вобаста ба Толибон дар твитте омори талафотро мунташир кард.

Ҳанӯз ҷузъиёти бештар дар мавриди шиддати ин заминларза ироа нашудааст.

Заминларзаи имрӯз, ки шиддати он 5. 9 риштер эълом шуд, илова бар Пактико, дар вилоёти Хуст, Нангарҳор ва Лағмон низ эҳсос шудааст.

 

Барчасп