Гуфтугӯи телефонии Путин ва Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i8770-Гуфтугӯи_телефонии_Путин_ва_Трамп
Раисҷумҳури Русия ва раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар бораи масоили мухталифи мавриди алоқа аз ҷумла мавзуоти марбут ба сиёсати хориҷии ду кишвари табодули назар карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 29, 2016 19:59 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Путин ва Трамп

Раисҷумҳури Русия ва раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар бораи масоили мухталифи мавриди алоқа аз ҷумла мавзуоти марбут ба сиёсати хориҷии ду кишвари табодули назар карданд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Дмитрий Песков, сухангуи Кремлин рӯзи сешанбе дар нишасте хабарӣ бо ишора ба гуфтугӯи телефонии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, ба вуҷуди ихтилофи назар дар бораи масоили марбут ба сиёсати хориҷии Русия ва Амрико изъон кард ва гуфт, мутмаинан назароти Путин ва Трамп наздики ҳам нест.

Бар асоси ин гузориш, мавзеи мутафовити Трамп ва Путин дар хусуси даргузашти Фидел Кастро, раҳбари инқилоби Куба, тафовути байни дидгоҳи тарафайнро дар бораи масоили мухталиф барҷаста кард.

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар ҷарёни муборизоти интихоботии худ борҳо аз раисҷумҳури Русия ба унвони сиёсатмадоре таъсиргузор ном бурд ва аз беҳбуди равобити Вашингтон-Маскав истиқбол кард.